​Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ба манфиати миллат аст

Моҳи ҷорӣ сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд кишварҳои Аврупо сурат гирифт, ки ҳар кадоми онҳо барои манфиати тоҷикон ва Тоҷикистони азиз буд. Дар ин ҷо банда перомуни ҷузъиёти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба ҳар кишвар сухан карданӣ нестам. Аммо доир ба аҳамияти суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО ва аҳамияти он барои Тоҷикистон истода мегузарам. Ҷаласаи мазкур ба масъалаи тағйирёбии иқлим буд. Масъалаи тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон низ дахл дорад. Дар ҷаласаи номбурда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон 1000 тои онҳо аз байн рафтаанд. Ин маънои онро дорад, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба табиати кишвари мо ҳам эҳсос мегардад.

Бино бар таҳқиқоти олимон сабаби тағйирёбии иқлим ба атмосфера хориҷ кардани дуоксиди карбон аст. «Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд», аммо таъсири тағйирёбии иқлим ба ҷумҳурии мо низ эҳсос мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронияшон дар ҷаласаи номбурда таъкид карданд, ки обшавии пиряхҳо дар Осиёи Миёна метавонад обхезиҳои шадид ва хушксолиҳоро ба вуҷуд орад. Бинобар ин ба созмонҳои илмии байналмилалӣ ва ниҳодҳои марбута пешниҳод карданд, ки барои омўзиши пиряхҳои минтақаи Осиёи Миёна мусоидат намоянд.

Ин масъала барои он зарур аст, ки оқибатҳои бади обшавии пиряхҳо бо таҳқиқоти дақиқ пешгўӣ карда мешавад ва пешакӣ минтақаҳое, ки дар онҳо фаромадани сел ва ё сар задани обхезӣ мумкин аст, муайян гардида, мардуми он манотиқ ба ҷойҳои бехатар кўчонида мешаванд. Магар ин ба манфиати мардум нест?

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба «иқтисодиёти сабз» сухан карданд. Иқтисодиёти сабзро агар содда карда гўем, иқтисодиётест, ки ба табиат зарари камтарин расонида, ба истеҳсолот машғул мегардад. Тоҷикистон дар тавлиди «энергияи сабз», ки он бо роҳи бунёди НБО-ҳо сурат мегирад, пешқадам аст ва мекўшад, ки аз энергияи ҳастаӣ худро дур нигаҳ дорад.

Энергияи сабз боиси ҳифзи табиат аз партовҳои дуоксиди карбон мегардад, ки ин масъаларо чандин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд зикр кардаанд.

Аз расонаҳои ахбори омма мебинем, ки дар кишварҳои тараққиқарда роҳбарои онҳо ба истифодаи энергияи сабз ва ё худ ҷорӣ намудани иқтисоди сабз худдорӣ мекунанд. Экологҳо ва ҳаракатҳои ҳифзи табиат дар ин кишварҳо намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд ва тақозо мекунанд, ки ин ё он сохтумон ва ё заводу фабрика қатъ гардад. Аз он бояд фахр кард, ки Пешвои миллат доир ба ҳифзи экология аз минбари баланди ЮНЕСКО сухан мекунанд, ки чунин корро на ҳар роҳбари давлат ба ҷо меорад.

Ин андешаҳо танҳо перомуни иштироки Сарвари давлат ба як ҷаласаи ЮНЕСКО буд. Маълум аст, ки дар рафти сафар ба кишварҳои Аврупо Президенти Тоҷикистон чандин мулоқоти судманд анҷом додаанд, ки ҳама ба манфиати Тоҷикистон аст.

Ҳамаи онҳое, ки ба фанди Паймони миллии Тоҷикистон, ҳизби наҳзат ва дигар иғвогарон гирифтор гашта, нисбати сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе кишварҳои Аврупоӣ эътироз карданд, иштибоҳи маҳз карданд. Зеро ҳаргиз Президенти Тоҷикстон ба зарари давлати миллат кор намекунад.

Ислом Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ