​Ҷараёни конференсияи апрелӣ дар факултети математика

Баробари эълон гаштани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дар амал татбиқ намудани ин иқдом чораҳои муассирро ба роҳ мондааст.

Устодон ва донишҷӯёну магистрантони факултети математикаи донишгоҳ дар бахшҳои конференсияи апарелӣ, ки ҷараён дорад, бо пешниҳоди мавзӯъҳои муҳим доир ба масоили системаи ҳисобӣ ва татбиқи он, истифодаи технологияи информатсионӣ ҳангоми омӯзиши математикаи олӣ дар шароити низоми кредитӣ, назаряи нави ҳисоби интегралӣ, сохтани веб-сайтҳо, тартибдиҳии сомона ба воситаи joomia ва ғайра фаъолонокии худро нишон дода истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби устодон ва магистрантону докторантони факултети мавриди зикр ироаи наздик ба 100 маърӯза доир ба муҳимтарин мавзӯъҳои вобаста ба рушди илмҳои дақиқ пешбинӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ