Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети таҳсилоти ғоибона

Аз Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ватандорӣ ва арзи эҳтиром ба анъанаҳои аҷдодӣ истиқбол карда шуд.

Дар саҳни факултет гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, дастурхони наврӯзӣ, таомҳои миллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ Маҳмадшо Маҳмадшоев – сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ шодбош намуда, гуфт, ки Наврӯз ҷашни талқинкунандаи покиву покизакорӣ, осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон буда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад.

Ҳамчунин, дар васфи Наврӯз порчаҳои шеърӣ ва бадеҳахонӣ ҷараён гирифт, ки онҳо ифдакунандаи фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, таърихи Наврӯз, муҳаббат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ буданд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ ҷилои тоза бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ