​Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ

Маҳфил-озмуни илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забонҳои шарқ бо ширкати донишҷӯёни соли аввал доир гардид.

Байни донишҷӯён аз рӯйи 3 шарт: “Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ”, “Кор бо тахтаи электронӣ” ва “Ворид намудани матн ба компютер” озмун ба роҳ монда шуда, донишҷӯён Ҳукмия Файзиева, НизомиддинМуротовва Рухшонахон Алимова се ҷойи аввали ифтихориро касб намуданд.

Баъдан устодон ва донишҷӯён доир ба масоили навгониҳои технологияи иттилоотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ