​Дар заминаи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров викторина гузаронида шуд

Дар заминаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров байни донишҷӯёни курсҳои якуми факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ викторина ташкил ва гузаронида шуд.

Донишҷӯён аз рӯйи шартҳои муаррифии даста, саволу ҷавоб, баҳсу мунозира, пур кардани кроссворд ва маърӯза аз рӯзгор ва осри Бобоҷон Ғафуров байни ҳам рақобат намуда, пас аз баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат, малака ва истеъдод ғолибон қадр гаштанд.

Гуфта шуд, ки тадбири мазкур баҳри хониш ва омӯзиши китоби“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, он дар ташаккули шахсияти солим ва худшиносиву миллии донишҷӯ нақши муассир мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ