​Баргузории чорабинии илмии адабии «Бишнав аз най…»

Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Бишнав аз най…» доир гашт.

Дар ҷамъомад устодон ва донишҷӯён роҷеъ ба рӯзгори ибратомӯзи Мавлоно сухан ронда, зикр доштанд, ки як бахши муҳими осори ӯро арзишҳои ахлоқӣ ва худшиносӣ ташкил намудааст. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар «Маснавии маънавӣ» ва дигар асарҳояш андешаҳои ахлоқию хештаншиносии худро тавассути достону қиссаҳо ва воқеаҳои ибратомӯз аз рӯзгори бузургон ва чеҳраҳои дуруахшони орифон баён доштааст.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён саҳанаи адабӣ аз ҳаёти Мавлоно манзур ҳозирин гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ