​Ҳафтаи илм: Баргузории озмуни ихтироъкорон ва навоварон

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҳавасмандкунонии донишҷӯёни болаёқат ва баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба илму техника ва навоварию ихтироъкорӣ, инчунин ҳар ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию техникӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ дар доираи ҳафтаи илм байни донишҷӯёни факултети физикаю техника озмуни ихтироъкорон ва навоварон ташкил ва гузаронида шуд.

Аминҷон Самадов, донишҷӯи соли дуюми ихтисоси дастгоҳҳои электронӣ оид ба “Таҷҳизот барои коркарди термикии металлҳо бо ҷараёни индуксионӣ”, Ҳамзаалӣ Воситов, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси мошинаҳои электронии ҳисоббарор низомҳо ва шабакаҳо дар мавзӯи “Истифодаи технологияи моделсозӣ 3D дар раванди таълим”, маърӯза намуданд. Ҳамчунин, Шараф Исломов, магистранти соли якуми ихтисоси физика оид ба таҷҳизоти худсохти худ “Қайчӣ барои буридани шохҳои дарахтон” маълумот пешниҳод намуд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян ва қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ