​Ҷамъбасти даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар кохи фарҳанги Суғдиён доир гардид. Дар даври аввал ва дуюми озмун донишҷӯён, устодон ва собиқ хатмкардагони факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои гуногуни ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Ҳалимҷон Латипов, омӯзгори кафедраи мусиқии суннатии тоҷик, Муҳаммадюнус Эргашев, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси эҷодиёти халқӣ, ансамбли «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ, ансамбли наврасон ва ҷавонони шаҳри Хуҷанд (роҳбар профессор С. Худойбердиев, А. Шерматов, А. Ботуров – устодони факултет) бо сипоснома тақдиронида шуданд.

Собиқ донишҷӯи факултети санъат Муҳаммадиқболи Оқил дар номинатсияи ровӣ ба ҷои аввал, омӯзгори кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Сардор Солиев ҷои дуюм дар номинатсияи сарояндаи сурудҳои классикӣ, донишҷуи курси дуюми ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ) Ғаффорӣ Гулноза ҷои сеюм дар номинатсияи сарояндаи сурудҳои классикӣ, собиқ донишҷуи факултети санъат Ҷалолов Муҳриддин ҷои сеюм, дар номинатсияи сароянда дар жанри академӣ, донишҷуи курси панҷуми ихтисоси сурудхони (халқӣ) Шерози Камол дар номинатсияи сароянда дар жанри эстрадӣ ба ҷои сеюм сазовор гардиданд. Ансамбли «Дилнавоз», ки дар ҳайати он 7 нафар хатмкардаи факултети санъат фаъолият доранд, дар номинатсияи навозанда дар жанри анъанавӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Иштирокчиёни ба ҷойи аввал сазовор гардида, ба даври сеюми озмун - даври ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ