​Баргузории мусобиқоти футбол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 11-ум то 13-уми соли равон, дар доираи Ҳафтаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқот устодони факултетҳои филологияти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, математика, физика ва техника, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, геоэкология, забонҳои шарқ, забонҳои хориҷӣ, биология ва химия, молия ва иқтисодиёти бозор, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, санъати тасвирӣ ва технология, санъат ва як даста аз ҳисоби кормандони раёсати донишгоҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи раёсати донишгоҳ бо факултети математика вориди рақобат гардида, ҳарифи худро бо ҳисоби 6:1 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардиданд.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ