​Баргузории маҳфили “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”

Инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти миллию давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳони иқтисодӣ, ворид гардидани кишвар ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот, пеш аз ҳама, ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон вобаста мебошад. Бинобар он, такмил додани соҳаи илм ва маориф, ба талаботи замон мутобиқ намудани он, дар амал татбиқи барномаҳои давлатӣ аз ҷумла “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” зарур мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста барои амалӣ сохтани барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015- 2020 аз имконияти мавҷуда истифода намуда, барои татбиқи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар партави иҷроиши Барномаи мазкур дар факултет маҳфили доимоамалкунандаи “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” бо иштироки хатмкунандаҳои барномаҳои гуногуни байналмиллалӣ аз ҷабили JFDP, Fulbright, FLEPP, FLEX, FDF роҳандозӣ гашт.

Маҳфили аввалин 5-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи маркази мадании Bаctria (Bactria Cultural Center) дар шаҳри Хуҷанд Темуров Муқим гузаронида шуд, ки дар он оид ба урфу одат, маданият ва тарзи зиндагонии мардуми англисзабон суҳбат ороста шуд.

Дар маҳфили мазкур донишҷӯён бо забони англисӣ дар доираи мавзӯъ баҳсу мунозира намуданд.

Дар нақша аст, ки ҷаласаҳои минбаъдаи маҳфил бо иштироки дигар хатмкунандагони барномаҳои гуногуни байналмилалӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ