​Конститутсия санади сарнавиштсоз ва номаи саодати миллат

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия санади сарнавиштсоз ва номаи саодати миллат” баргузор гашт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров номаи шодбошии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар номаи табрикии раиси вилоят омадааст, ки Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар айёми басо мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардида, барои тақвият пазируфтани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу устуворшавии низоми қонунгузорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаю ниятҳои стратегии халқи тоҷик дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он барои боз ҳам мукамалтар шудани ин санади ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ гардид.

Ҳамчунин илова гардидааст, ки бо эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон аз беҳтарин падидаҳои конститутсияҳои мамлакатҳои мутамаддин бархурдор буда. Таҷассуми давлату давлатдории мардуми куҳантаърихи тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ мебошад.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров баромад намуда, аз ҷумла арз дошт, ки қабул шудани Конститутсия соли 1994 дар саҳифаи давлатдории навини миллӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат, эҳёи давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун, исботи интихоби роҳи дуруст ва устувори давлатдорӣ, тантанаи адолат ва татбиқи муваффақонаи андешаи созандаи миллӣ ва шаҳодати саодатмандии халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки барои фароҳамоварии муҳити конститутсионӣ дар давлат, тақвияти чаҳонбинӣ ва маърифату рафтори конститутсионӣ омӯзиш ва таҳқиқи асосҳои назариявию таърихӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия зарурияти беш аз пешро ба миён овардааст, ки олимону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли миллӣ то имрӯз ҷанбаҳои гуногун ва мубрами Конститутсияро мавриди омӯзиш қарор дода, ба якчанд дастоварди илмӣ ноил гардидаанд.

Пас аз он Ҷӯрабек Исомаддинов, мудири кафедраи таърих ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ, дар мавзӯи “Заминаҳои таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва Киромиддин Мухторов, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ оид ба “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва тавсифоти он” маърӯза дошта, зикр намуданд, ки қабули Конститутсия имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ барқарору ҳукмрон гардад. Маҳз заминаҳои конститутсионӣ дар давлат барои рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварданд. Гуфта шуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ки баҳри эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ва ба ин васила, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ