​Конференсия: Тоҷикистон ва масъалаҳои мубориза бо терроризми байналхалқӣ

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Тоҷикистон ва масъалаҳои мубориза бо терроризми байналхалқӣ” конференсияи вилоятӣ баргузор гашт.

Конференсияро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухсора Давлатзода ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки фаъолияти пасипардагӣ ва муғризонаи ташкилоти террористиву экстремистӣ, аз қабили амалкарди Ҳизби назҳати исломӣ, ҳамчунин ҳодисаи шаби 06-уми ноябри соли 2019дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» моро ҳушдор медиҳад, ки минбаъд низ зидди чунин афроди гумроҳ ва падидаҳои номатлуб тадбирҳои шадиди амниятӣ, илмӣ ва амалӣ роҳандозӣ шавад. Гурӯҳи пешқадами ҷомеа, аз зумраи омӯзгорону олимон бояд дар тақвияти корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ миёни ҷомеа, аз ҷумла ҷа­вонон, дар самти муқо­вимат бо экстремизм ва терроризм, омӯзиши замина­ҳо ва сарчашмаҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб тадқи­қоти илмӣ анҷом дода, натиҷаҳои онро ба мардум ра­со­нанд. Илова карда шуд, ки баргузории чорабинии вилоятии мазкур имконият медиҳад, ки олимону донишмандони ришта­ҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ бо таҳқиқи амиқ дар раванди ин падидаҳои номатлуб ва роҳу равишҳои муқовимат ба экстремизм ва тер­ро­ризм пеш­ниҳодҳои мушаххасро бо ҳадафи коҳиши додани хатар­ҳои он дар ҷомеа изҳор дошта, бо ин васила баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин заминаи созгор гузоранд.

Дар идома, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризми байналхалӣ” баромад намуда, оид ба хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намудани тероризм ва эксремизм дар ҷаҳони мутамаддин, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб ва пешгирии хатароти он, заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ дар Тоҷикистон сухан кард.

Номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Алимов Ботур оид ба масоили “Рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Аврупо ва масъалаҳои мубориза бо терроризм” маърӯза дошта, дар заминаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо ва ҳамчунин густариши муносибату ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо ва вусъати он, махсусан дар самти решакан намудани фаъолияти террористиву экстремистӣ ҳарф зад.

Доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Ваҳҳоб Набиев таҳти унвони “Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва мақсадҳои ғаразноки он” маърӯза ироа ва доир ба фаъолияти муғризона ва ватанфурӯшонаи ТТЭ ҲНИ дар Аврупо ва думравони он ибрози назар кард.

Сипас, иштирокдорон дар пояи маърӯзаҳои ироагашта ва ҳамчунин ҷиҳати таъмини амнияти давлатӣ дар шароити муосир, роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ