​Навидҳои донишгоҳ дар як сатр

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили навбатии илмӣ-адабии “Баҳори дониш” бо баррасӣ ва таҳлили “Тобистон”-и Пӯлод Толис ҷараён гирифт, ки дар он иштирокдорон ба ҳаёт ва эҷодиёти Пӯлод Толис назар андохта, доир ба мазмуну мундариҷаи “Тобистон”- мубодилаи афкор доштанд.

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ семинар-тренинги омузишӣ таҳти унвони “Тани солим - гавҳари ноёб!” бо фаргирии масоили пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масъунияти одам бо ширкати васеи донишҷӯён баргузор гардид.

Дар заминаи Консепсияи миллии тарбия ва Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгоронимуассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷаласаидухтарон доир гардид, ки дар он оид ба пӯшидани либоси расмӣ, фарҳангӣ, ҳамчунин наздик шудан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, пазируфтанитамаддуни муосир ва роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ