​Изҳорот: Сафари корвон бардавом аст!

Вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба сафари расмӣ ба кишварҳои Аврупо баромад, ҳамон замоно як гуруҳ хоинони миллат, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ меҷӯянд, овоз баланд карданд. Онҳо мехостанд, ки дар анҷуманҳоро вайрон карда, ба қавли худашон,роҳбарияти Тоҷикистонро шарманда кунанд. Ин аслаш навгони ҳам нест. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар анҷуманҳои байналмиллалие, ки ҳайати расмии Тоҷикистон ширкат меварзад, иштирок карда, бар зидди Ҳукумати кунунии Тоҷикистон баромад кунад. Кӯшиш карданд, ки дар назари ҷомеаи ҷаҳони номи Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварро паст занад.

Дар пеши ҷомеаи ҷаҳони худашорнро адолатҷӯ ва мазлум нишон диҳад. Вале ин дод-войҳои онҳо бори дигар дар гулияш монду, касе на дар Швейтсария ва на дар Фаронса ба онҳо эътибори ҷиддӣ надоданд. На ҳукумати он кишварҳо ва на ягон созмони байналмиллалӣ. Яъне, бори дигар маҷоли кӯҳни исботашро ёфт, сагҳои дайду аккос заданду, корвон ба онҳо парвое накарда гузашт. Дар давоми ҳазорсолҳо чунин буд ва ин дафаъ низ чунин шуд. Корвоне, ки бо мақсадҳои оли ба роҳ, ба сафар баромадааст, бо сагҳои дайду кордор нашуд! Боз сагҳо аккос занон монд. Корвон бошад ба пеш, ба пеш ва боз ба пеш меравад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ