​Курс-лексия: Муаррифии асарҳои Пешвои миллат

Дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров курс-лексия таҳти унвони “Муаррифии асарҳои Пешвои миллат” ташкил карда шуд.

Дар курс-лексия номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов дар мавзӯи “Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Нигоҳе ба таърихи куҳан, имрӯз ва фардои Тоҷикистон” ва декани факултети тарбияи ҷисмонӣ, дотсент Абдуворис Мингбоев доир ба “Фаъолияти Пешвои миллат ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Сипас намоиши асарҳои Пешвои миллат сурат гирифта, дар ин замина устодону донишҷӯён табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ