​Сафари хизматии Ҷамшед Ҷӯразода ба Донишгоҳи Мидделсекси шаҳри Лондони Британияи Кабир

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба Донишгоҳи Мидделсекси шаҳри Лондони Британияи Кабир сафари хизматӣ анҷом дод.

Сафари роҳбарияти донишгоҳ дар доираи лоиҳаи Аврупоии Эразмус + DECIDE (ДИСАЙД) оид ба “Беҳдошти хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд” сурат гирифт.

Дар Донишгоҳи Мидделсекси шаҳри Лондони Британияи Кабир ҷаласа бо ширкати ҳайати консорсум аз давлатҳои Тоҷикистон, Казоқистон, Узбекситон, Англия ва Олмон ҷараён гирифта, оид ба тайёриҳои пеш аз таҳия, марҳилаи таҳия, рафти татбиқ, тарғибу ташвиқ ва идоракунии лоиҳа ҳисобот пешниҳод гардид.

Дар рафти ҷаласа ҷарёни дар амал тадбиқ намудани лоиҳа оид ба “Беҳдошти хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ва дар ин замина, норасоиҳои амалисозии лоиҳа ва баррасиву қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои молиявӣ ва идоракунии лоиҳа дар соли нави 2020 ҳаллу фасл карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 4 лоиҳаи Аврупоии Эразмус + фаъолият дорад. Яке аз чунин лоиҳаҳо лоиҳаи DECIDE (ДИСАЙД) оид ба “Беҳдошти хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд” мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ