​Аксия:Пиряхҳои худро ҳифз намоем!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аксияи”Пиряхҳои худро ҳифз намоем” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор намуд. Дар ҷамъомад олимону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин хонандагони литсейи № 1-и шаҳри Хуҷанд, коллеҷи педагогӣ, коллеҷи тиббӣ ва шаҳрвандон ширкат дошта, оид ба аҳамият, мавқеъ ва дигар ҷабҳаҳои пиряхҳо табодули афкор намуданд.

Баён гашт, ки пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон 8 492 адад пирях ба қайд гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Бояд гуфт, ки пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ