​Изҳороти кафедраи адабиёти муосири тоҷик

Вобаста ба арзи вуҷуд кардани анҷуману созмонҳои сиёсӣ матлаби зиёд метавон гуфт. Онҳо бо ду мақсад ба вуҷуд меоянд. Бархе онҳо, аввалан, бо ҳадафи пешбурди равандҳои ҷомеа, ёрмандӣ ва таъсири матлуб гузоштан ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии назару андешаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа дар самтҳои мухталиф падид меоянд, ки мисли дамидани рўҳи тоза ба зисти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Агар таърихи тоҷиконро варақ занем, шояд хеле зиёд аз ин гуна анҷуманҳо барои нузҳату сафо бахшидани ҳаёти иҷтимоии мо хидмати муҳим ва саҳми шоиста гузоштанд. Аммо, дар баробари ин, созмону ҷамъият ва анҷуманҳое низ будаанд, ки ҳадафи ғаразманд ва рўҳи ғаразмандона дошта, ба ҷуз таъсири манфӣ расонидан ба ҳаёти матлуб ва равандҳои ҷомеасоз дигар кор надоранд. Таърихи начандон дури халқи тоҷик ин гуна қисматро дида, ки борҳо бархе анҷуману созмонҳо на барои амалӣ шудану пеш партофтани ормонҳои милливу давлатӣ, балки барои расидан ба манфиатҳои пурғарази қавмӣ ва гурўҳӣ кўшишу талош доштаанд.

Дар мавриди Паймони миллии Тоҷикистон низ метавон изҳор кард, ки он бояд ба дарки аслу ҳақиқати моҳияти озодандешӣ равона шавад. Ин ниҳод аз ҷониби аҳли ҷомеа чун тарҳи нави фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон шуморида шуд, ки барои нишон додани нерўи он ба миён омадааст. Мо наметавонем ба ҳар амали мухолиф, ки барои ба шўр овардани ҷомеа кинаву адоват меҷӯянд, бепарво бошем, аз ин зуҳурот ғофил монем. Ҳар амр дар ин замина метавонад ба таъмини суботи сиёсӣ халал расонад ва дар вайрон кардани фазои сулҳу оромиш чорасоз бошад. Оё метавонем бигӯем, ки дар муддати фаъолияти яксолаи Паймони миллӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон халал ворид нашуд. Мардуми тоҷик, тоҷикистониҳо аз асли ҳадафҳо, аз он ки ба бароварда сохтани максадҳои худ чӣ тавр аз номи дини ислом сӯйиистифода мешавад, хуб бархурдоранд. Онҳоро фиреб додан номумкин аст.

Ин хуб нест, ки ба хотири хуш омадан дар назди хоҷагони берун тавассути расонаҳои хабарии байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо лаҳни тунду таҳқиромез, бидуни далелу риояи одоби инсонӣ ва ҷое орӣ аз мантиқ алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон пайваста баёнияҳои фаровон нашр шавад.

Афсӯс, аз ҷониби ин гуна намояндаҳои созмону гурӯҳҳои мухолиф на танҳо одоби сиёсӣ риоя намешавад, балки таҳқиру тавҳин аслу асоси «фаъолият»-и онҳо шудааст…

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ