​Изҳороти устодони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз замон дигар гаштаасту мофарзандони худро тарбия карда натавониста истодаем. Ин ақидаҳо нодуруст мебошад ва ба тарбияи дурусту нодурусти фарзандон худи волидайн масъул мебошанд. Ба роҳи дуруст ва роҳи бад рафтани фарзандон худи падару модармасъул мебошанд. Агар онҳоро хуб тарбия намоянд ҳам бар манфиати ҷомеа ва ҳам бар манфиати худу хонавода мебошад. Агар не вой бар ҳоли он оила.

Имрӯзҳо ҷомеаи моро терроризм, экстремизм, ваҳҳобия, салафия ва дигар амалҳои номатлуб фаро гирифтааст, ки ин аз ҳар як оила зиракии сиёсиро тақозо мекунад. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки фарзандони хешро ҳамарӯза таълиму тарбия намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо аз роҳи дуруст ба роҳи бад дароянд. Онҳоро ҳамеша назорат кунанд ва ба шуғли меҳнат ҷалб намоянд.

Агар фарзандон ба таълиму тарбияи дуруст раҳнамоӣ гарданд, аз ҷониби онҳо корҳои номатлуб сар нахоҳад зад ва онҳо ҳамеша корҳои назаррасро ба манфиати хонаводаву ҷомеа амалӣ хоҳанд намуд.

Аз ин рӯ, ҷомеаи мо бояд ҷомеаи фарҳангӣ бошад, гуманизмро пеша кунанд, ҳамеша саховату саховатпрастӣ ихтисоси онҳо бошад. Худро ҳамеша аз роҳҳои бад эҳтиёт кунанд ва ба гурӯҳҳои зиддидавлатӣ шомил нагарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ