Терроризм ва экстремизм

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Низомӣ фармуда, ки «На яксон рӯяд аз дасте даҳ ангушт». Чун сари ин гуфтаҳо андешаронӣ менамоем, дар ҳақиқат, шоҳиди он мешавем, ки инсонҳои рӯйи олам ҳам ҳарчанд аз як обу гиланд дар зуҳури хасоил фарқиятҳои зиёд доранд. Имрӯз як зумрае дар байни ҷомеа худро боимону худотарс, ҳақҷӯву ҳақшинос муаррифӣ мекунанд, дар зери сояи дини мубини ислом даст ба амалҳои ношоиста мезананд, дар байни мардуми одӣ шӯру иғво меандозанд, бо ин васила мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид доштаанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Мутаасифона, ҳамарӯза мо ба воситаи ахбори омма аз амалҳои террористӣ, куштору ғорат, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ ва худкушиҳои маргталабона огоҳ мешавем, ки ҳама амали душманонӣ дини мубини ислом аст.

Феълан, барои кишварҳои Осиёи Миёна дар масири устувории амнияти миллӣ, маориф, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва рушду тараққиёти иқтисодӣ рӯзҳои санҷишу имтиҳонӣ мегузарад. Фитнаву ангезаҳои хориҷӣ кӯшиши заифсозии сиёсати миллӣ ва бақои давлатҳои минтақа, хоса Тоҷикистонро доранд.

Яке аз роҳҳои осони аҳдофи нопоки ин гуна гурӯҳҳои террористию эксремистӣ ба доми худ гирифтор намудани ҷавонони ноогоҳ аз фароизи динӣ ва асли ислом ба шумор меравад. Имрӯзҳо ҷалби қувваи ҷавонони фирефташуда дар низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ маълумтарин васоити амалисозии мақсадҳои нопоки душманони ислом гардидааст.

Дар асре, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ афзоиш дорад, душманони дини мубини ислом кушиши онро доранд, ки бо роҳи нодуруст шарҳ додани масоили динӣ ва тафриқаандозӣ мусалмононро бо дасти худ нобуд созанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт муваффақ низ шуда истодаанд. Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Мамлакатҳои Арабӣ, Африқо ва Покистону Афғонистон ба ин гуфтаҳои мо мисоли равшан шуда метавонанд.

Мутаассифона, аз сабаби надоштани саводи кофӣ дар бораи фароизи ислом, бархе аз ҷавонон худро ба андешаи ҷиҳод ба худкушии рӯирост мебаранд. Беҳтарин ҷиҳодро дар таълимоти ислом ҷиҳод ба нафс ва хизмат ба волидайн гуфтаанд.

Сарвари давлатамон дар ҳар як вохӯриву суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, ҳушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Ба мо лозим аст, ки аз ҳодисаҳои гузаштаву имрӯза ибрат гирифта, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихор аз ниёгон ва миллати соҳибтамаддун ва фарҳанги воло тарбият намоем.

Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ аз номи арзишҳои маънавии башарӣ баромад карда, оламро ғарқи хуну ваҳшоният қарор додаанд. Муҳим ин аст, ки ҳини азсаргузаронии ҳодисоти фитнаангези олам мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону олимони кишвар ба доми чунин ҳаракатҳои аблаҳона наафтида, оқилона ва якдилона ҳомии сулҳу субот, якпорчагии Ватан ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ боқӣ бимонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз дами шамшер дида, нӯги хома кори бештару муассиртарро дар олами муосир ба анҷом мерасонад. Шабакаҳои телевизиониву интернетиро мувофиқи амалкард метавон ҳам ба фоидаи ҷомеа ва ҳам бар зарари он истифода бурд. Ҳоло васоити мазкур ба таври муассир барои мушавваш сохтани зеҳни ҷомеа фаъолона ба кор бурда мешаванд. Аз ҷониби дигар, танҳо бо манъ кардани пахши чунин шабакаҳо масъала ҳалли худро ёфта наметавонад. Шояд ҷиҳоде, ки имрӯз барояш ҷон фидо карда месазад, мубориза алайҳи ҳамин се душмани асосии башарият – ҷаҳолат, фақирӣ ва ихтилоф мебошад, на оне ки барои қатлу куштор ва тахрибу вайронкорӣ равона шудааст.

Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм вабоӣ аср ба шумор меравад.

Мингбоева О. А. – муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ