​Забони тоҷикӣ сутуни давлатдорӣ

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани љон дар бадан пайдо мешавад. Ҳануз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, љону дил ором мегирад – ин ҳама лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аљаб гуворост лафзи модар, ширину беолоиш ва қарини дилҳост. Забони модарӣ бузургу ҳаётбахш, суфтаю ба дил наздик аст. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш меболем. Забони тољикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарўза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд: Забони модарй фархунда доред, Шумо, ки ворисони рузгоред. Барои ҳар каломи поки модар, Даруни синаҳо ҳайкал гузоред. Вазифаи хар як точикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орй аз камбудиву нуқсонхои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарй хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Вокеан, агар кас забони худро донад, омухтани дигар забонхо барояш осон мегардад: Хар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрўз ҳам ашъори Рўдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем». Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тољикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанўз дар замонҳои зиндагии Рўдакии бузург бо сухани бузург вуљуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тољикй ў саҳми босазое гузоштааст. Ў эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба сўи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рудакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тољикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тољикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрўз аз љиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганљинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рўзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22-июли соли 1989 бо қарори Шўрои Олии Љумҳурии Тољикистон забони давлатӣ – забони тољикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти № 553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки ватъи хуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони тољикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тољик ҳаст, забони ў низ пойдор хоҳад буд». Мо, тољикзодагони асил ҳамеша пайи он мекўшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад. Дар ҳаду сарҳадшиносии љаҳон, сарҳади тољик забони тољик аст. Гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондўстон медонем:

То забон дорад, ватандор аст ў,

То забондор аст, бисёр аст ў.

Хулоса, забони модарӣ, шаҳди ҳаёт аст, ки мо тољиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону љон самар додааст. Он муқаддасу гуворо ва азизу мўътабар буда, тољиконро болу пар бахшидааст. Имрўз ҳар як фарди тољик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро љаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам,

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,

Ба Синову Хайёмат саљда орам!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ