​Ғараз нооромии кишвар

Аз хондани мақолаи «Гаравгонгирии макомот дар Чоркух ва Ворух»ростӣ эҳсос кардам,ки нависандаи он дар ниҳодаш якчанд ғаразу ҳадафҳои сиёҳро пинҳон медорад. Ӯ мехоҳад мардуми як минтақа аниқтараш як ноҳияро бар муқобили мардуми тамоми кишвар аз ҷкмла ҳукумати кишвар гузорад. Ӯ медонад,ки имрӯз Исфара як мавзеи нозук дар заминаи муноқишаҳои сарҳадотӣ мебошад ва ба қавле аз “паша фил сохтан”дар паи худ эҷодӣ муноқиша ва ихтилофҳои дохилӣ мебошад. Ҳарфҳои бофта ва дурӯғи муаллиф ченон моҳирона эҷодшудаанд,ки хонандаи аз ҳақиқат бехабар ба он бовар менамояд. Чунончи даъват ба ҳарбӣ ки як маъракаи умумиҷумҳурист мусаллам аст,ки аз камбудӣ орӣ нест ва инро ҳама медонанд. Даъват ба ҳарбӣ дар заминаи Фармони Сарфармондеҳи олии мамлакат ҷанбаи қонунӣ дорад ва иҷрои он қарзи шаҳрвандии онҳоест,ки мутобиқи қонун бояд хидмат расонанд. Онҳое, ки дар амалӣшудани он масъул ҳастанд вазифаи худро иҷро мекунанд ва гоҳо дар мавриди даъват ғулув ҳам мекунанд. Вале аз ин ҷустани ғаразҳои маҳаллӣ,ки гӯё кулли роҳбарияти давлату ҳукумат бар зидди мардуми Исфара ин корро анҷом дода истодаанд тӯҳмат ва бӯҳтони маҳз аст. Зеро ҳамон “Облавае”ки аз он муаллиф ба қавле фоҷиа сохта истодааст дар тамоми кишвар ба назар мерасад ва он на танҳо дар Исфара мебошад.Аз ин рӯ бори дигар суол пайдо мешавад,ки чаро муаллиф танҳо Исфараро мавриди таҳлил қарор додааст.Зимнан пай бурданмумкин нест,ки ин мауола “Заказ”-и хоҷаҳои хориҷист,Зеро мусаллам аст,ки дар паи муноқишаҳои сарҳадӣ киҳо қарор доранд.Онҳое ки бо дасисабозиҳои мухталиф дар сарҳад ба ҳадафҳои худашон нарасиданд роҳи дигар яъне эҷодкардани нафрат дар дохили кишварро пеш карданд.Зеро нооромии Исфара ва марзи қирғиз дар пасманзари худ ҳадафҳои муҳим геополитикиро дорад. Ин бори дигар собит мекунад, ки нависандаи мақолахудаш нагз медонад ки чи мехоҳад: ноором кардани минтақа.Вале бояд мардуми Исфара,умуман шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин дасисаву бӯҳтоҳо бовар накунанд.Имрӯз ҳамдигарфаҳмӣ ,ваҳдат, муҳимтарин мафҳумҳо маҳсуб мешавад. Хизмат бар Ватан қарзи шаҳрвандист ва аз ин амал фоҷиа эҷод кардан камоли беэҳтиромӣ нисбати модар Ватан мебошад

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ