Нақшаву амалҳои бадхоҳони миллат

Дар раванди сиёсии Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳо инчунин гурўҳҳу ҳаракатҳоиифротгарое низ пайдо шуда будунд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз қувваҳоиберуна ба роҳ монда шуда, хкд пасипарда назорат ва фаъолият мекарданд. Дар навбати дигар, фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти аҳнабиёну ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш оромиву осудагии мардуми азияткашидаи диёрро фаромўш сохта буданд. Ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ мисоли гуфтаҳои боло мебошад. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафторукирдорҳои номатлубаш ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба тавриошкоро фаъолияти зиддиумумимиллӣ бурда истодааст.

Пешвои муаззами миллат борҳо ба гурўҳи хиёнатпеша мусоҳила карда, ҳатто барои амнияти кишвар ва беҳбудии зиндагии халқ баландтарин мансабҳои давлатиро ба онҳо пешниҳод кардаанд.Ин гурўҳ бо пулу моли давлат шикам сер кардаба бовариихалқ даромада, боз ҳамхиёнати худро давом доданд.

Хиёнатҳои бешумори аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар солҳои охир хеле зиёд ошкор гардида, нафрати халқро бедор кард. Аз баски мардуми тоҷик сулҳу ваҳдати миллиро ба ҷон харида буд, хиёнати ТЭТ ҲНИ-ро набахшид. Аммо ин гурўҳ ба ҳар гуна роҳу восита мехостанд, ки дар Тоҷикистон шўриш барпо созанд ва вазияти ороми кишварро ноором созанд. Бояд эътироф кард, ки маҳз ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон яке аз давлатҳои амнтарин мебошад, ки кулли давлатҳои абарқудрат маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу ваҳдати милли тоҷик дари муносибату ҳамкориро ба кишвари мо кушоданд ва Тоҷикистонро ба унвонияк давлати аз назари амнияту сиёсат устувор шинохтанд. Мисли равшани ин матлаб дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани пешниҳоди муҳим Тоҷикистон дар масълаи об мебошад.

ТЭТ ҲНИ дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ - эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии як зумра аз аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Барои ТЭТ ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Ҳамаи дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар давоми ин солҳо ба даст овард маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.

Тактикаҳои дурӯғгӯиҳои ТЭТ ҲНИ амалҳои зидди миллӣ, маҳалчигӣ бо мақсади манфиатҳои хеш ва ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ташкил кардани чунин ашхосон ба монанди гурӯҳи “Чар ёрони алкаш” А.Шерзамонов, Т.Варқӣ, Р.Темуриён ва Ш.Гадоев на барои пешравии давлату миллат, балки амалҳои онҳо манфиатҳои хешро доранд.

ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни ў баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд, ки ба ҷойи ин бо корҳои хайр, корҳои амалӣ ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ