​Изҳорот оид ба амалҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ

Ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн мерафту нооромиҳои сиёсӣ ҷумҳурии моро низ фаро гирифта буд. Маҳз дар ҳамин давра ҲНИ дар арсаи сиёсӣ омада, бо ҳамроҳии дигар ҳизбҳою ҳаракатҳои ҷамъиятӣ вазъияти ноороми сиёсиро ба вуҷуд оварда буданд. Мо шоҳиди онем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамаи ин мушкилиҳои ҷанг паси сар шуда, Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдат ноил гардид. Имзои шартномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз 27.06.1997 ин яке саҳифаи тиллоии таърихи навини халқи тоҷик мебошад. Вале ҳайҳот, ки баъди чанд соли фаъолияти ҲНИ симои ҳақиқии худро нишондод. Бар ивази маблағҳои нопоки хоҷагии эронии худ, онҳо мазҳаби хешро дигар карда, мақсадҳои нопоки худро амали гардонидани буданд. Яке аз онҳое, ки ин мақсадҳои сиёсиро бо роҳи террористӣ амали кардани буданд, ин шахси гурезаи сиёсӣ Муҳиддин Кабирӣ аст.

Таҳти роҳбарии ин “донои сиёсӣ”, аъзоёни ҲНИ нафарони гуногуне буданд, ки мақсади онҳо ин барҳам додани давлати мустақили тоҷикон буда, мехостанд, ки он ба Афғонистон, ё Сурия табдил ёбад. Мардуми дурандеши тоҷик баъд аз воқеаҳои нангини солҳои 90 - ум сияҳу сафедро фарқ карда метавонанд. Онҳо намегузоранд, ки ин хоинони Ватан ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Саидюнус Бурҳонов, Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов, Мирзои Салимпур ва пайравону балегӯёни онҳо, ки берун аз Тоҷикистонанд мақсадҳои нопоки хуро амалӣ гардонанд. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хабар доранд, ки хоҷагони хориҷии ҲНИ Тоҷикистон маблағи калонеро 4 млн. доллари амрикоиро сарф карданд, ки онҳо ҳадафҳои вайронкорона доштанд. Онҳо маблағҳое, ки ба корҳои ифлосу нопок харҷ мегардад, ҳеҷ гоҳ амали намегардад. Пас худованди бузург тамоми халқҳои Тоҷикистони ободи моро дар паноҳаш нигоҳ медорад. Ҳеҷ гоҳ тири нопоки онҳо ба нишон намерасад.

Хеле хуб гардид аз 30 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ - ташкилоти террористи - эктремистӣ эълон гардид ва он беасос набуд, зеро кулли аъзоёни ин гурӯҳи мазкур солҳои охир мехостанд бо истифода аз дини Ислом мардумро гумроҳ намуда ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Вале баъд аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2016 аксари фаъолони гурӯҳи террористӣ - эктремистии ҲНИ Тоҷикистон мувофиқи ҷинояти худҷазо гирифтанд. Вале баъзе роҳбарони дар боло номбаркардашуда, аз кишвар фирор карданд. Мақсади асосии ин гуна ашхосон ва гурӯҳҳо ба ҳамагон маълум аст. Онҳо мехоҳанд худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун гурӯҳи озодихоҳи тарафдорони давлати воқеан демократию озод вонамуд кунанд. Яке аз онҳо ин Мирзо Салимпур аст, ки чанде пеш ӯ “шабакаи алоҳида” кушода, бисёр лоф зада буд. Ӯ ва дигар ҳомиёну ҳаммаслаконаш то ба кай - “озодандешӣ”, “лофзанӣ” мекунанд. Оё онҳо аз халқу ватану, гузаштагони худ ору номус надоранд, ки ватани худро сияҳ мекунанд.

Мо омӯзгорон бояд ба ҳамагон бифаҳмонем, ки ин Ватани ягонаи моро вайрон карда, онро аз нав ба ақиб кашидан, зӯран онро ба давлати исломӣ табдил додан, ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад ва нахоҳад шуд. Эй Ҳамватанон! Ба шумоён даъват меоварем, ки чаро мардумонро ба гурӯҳу ҷудоӣ, нобоварӣ даъват менамояд. Магар Шумо зану фарзанд, хешу ақрабо, авлод надоред. Оянда онҳо ба Шумо - баринҳо чӣ хел баҳо медиҳанд. Ҳеҷ гоҳ аз хотир набаароред, ки ин хориҷиён ба Шумо ҳеҷ гоҳ дӯст намешаванд ва рӯзе фаро мерасад, ки Шумоёнро аз он ҷойҳо пеш хоҳанд кард. Дар он суръат пурра бе Ватан хоҳед монд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ