Худшиносии миллӣ – сипарест бар зидди терроризм

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар ҷомеаи имрўзаи мо дар баробари дастовардҳо боз ҳам камбудиҳое мавҷуданд, ки ба бехатарии давлат таҳдид менамоянд. Яке аз онҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, кибо ақидаҳои беасоси худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардумро халалдор месозанд. Зеро мақсади онҳо ин дар ҷомеаиимрўза боз ҳам иғво ангехтан мебошад, ки барои ба ин мақсадҳои ғаразноки худ расидан онҳо чӣ корҳое аз дасташон ояд, мекунанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки барои дар ҷомеаи имрўза пойдор мондани сулҳу осоиштагӣ ва роҳ надодан ба чунин тарғиботҳои зиддиқонунии ҲНИ мо бояд ҳамаҷониба, фикран ва ҷисман бар зидди он мубориза барем , зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм бисёр ташкилотҳои бонуфузи байналмиллаливу минтақавӣ ва инчунин мамлакатҳои ҷаҳон мубориза мебаранд, ки Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, кибо сардории Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ ва пайваста мубориза мебарад ва бо ташаббусҳои худ аз минбари СММ баромад мекунад.

Барои ҳамин ҳам имрўз ба дўши шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон масъулияти зиёде ҳавола гардидааст, ки ин худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ мебошад ва агар дар ҷомеаи имрўзаи мо онро такомул диҳем, ҳеҷ як падидаи номатлуб ба монанди ТЭТ ҲНИба ҷамъияти мо роҳ наёбад ва дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу Ваҳдати миллӣ пойдор бимонад.

Эсхата кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ