​Дастури манфиатбахши Пешвои миллат

Хабари хуш бо қарори Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 23 апрели соли 2019 банархномаҳоитарофаҳои аввалабаргардонданихизматрасониҳоиалоқаҳоимобилии интернетӣ аз ҷонибиустодону донишҷӯён ва умуман тамоми мардумиТоҷикистон ба хушнудӣпазируфта шуд.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, аз санаи 18 апрели соли ҷорӣ нархномаҳои хизматрасониҳои алоқаҳои мобилии интернетӣбо қарори шӯъбаи хизмати зиддиинҳисорӣ қарибдумаротиба афзун карда шуд, ки ин боисинорозигиҳои аксарияти мардум гардид. Тибқитарофаи навба ҷои 30-35 сомонӣминбаъд бояд истифодабарандагони сершумори интернет бояд 63 сомонӣ маблағпардохтменамуданд, ки ин хеле гарон буд.

Дар муддати 5-6 рӯзи амали ин қарордоди беақлона ҳазорон сокинони кишвар зарарҳои иқтисодӣ диданд, ҳазорон муштариён бе алоқаи мобилӣ монданд, даҳҳо оилаҳои муҳоҷиронимеҳнатӣаз ҳоли якдигар бехабар монданд.

Хушбахтона, бо қарори саривақтии Сарвари мардумпарвару саховатпешаи кишварамонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 23 апрели соли 2019ин қарордодинодурустишӯъбаи зиддиинҳисорииТоҷикистон, ки боиси озурдахотирии мардуми кишвар гардид, бекор карда шуд. Илова бар ин, бо супориши Президенти кишваргунаҳкорониин ҳолатмувофиқи кирдорашон ҷавоб хоҳанд дод.

Боварии комил дорем, ки содиркунандагони ин кирдоринодурусти беандешонаҷазои сазовори худро хоҳад гирифт. Зеро ҷаҳони муосири имрӯзаро бе интернет тасаввур карданмумкин нест ваякбора қариб ду маротиба афзун гардондани нархномаи тарофавӣ амализиддимардумист ва халалдоркунандаи пеши роҳи тараққиёти минбаъдаи кишвар аст.

Бо вуҷуди ин хушхабар ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи хоинони Ватан: чун Кабирию Илҳом Ёқубов ва дигар лагандбардоронаш бори дигар оташи дигар гирифт ва то абад хоҳанд сӯхт...

РОФИЕВА Н. устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ