Тарбияи шогирд –тарбияи миллат

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бо устодону толибилмони кишвар дарси пурмӯҳтавон буд, ки аз он чи устоду чи шогирд бардошти маънавӣ намуд ва роҳбарони заковатманд, омӯзгорони дурбин ва толибилмони воқеӣ барои худашон дар заминаи дастуру супоришоти Сарвари давлат нақшаи дурнамои амалро дар ҷодаи таҳсилу таълим кашиданд. Тарбия ва таълим ки ду боли асосии инсонсозиву ояндакорист дар меҳвари суханронии Пешвои миллат қарор дошт ва мавсуф дар заминаи асноди мӯътамад, мушоҳидаҳои рӯзмарра, хулосаҳои дақиқи илмӣ дар беҳдошти ин ду мафҳум изҳори назар намуданд. Эҳсос мешуд, ки Пешвои миллат набзи таҳсилу таълим, илму маориф, ниҳоят омӯзгору толибилмро сад дар сад эҳсос мекунанд ва аз бурду бохти он огоҳ мебошанд. Дар барбари огоҳ будан барои беҳдошти он дастур ва пешниҳоди мушаххаси худро доранду мехоҳанд маориф, ки рукни муҳими давлати соҳиистиқлоли тоҷикон аст рушди тоза ёбад ва фаъолияти мактабу донишгоҳҳои мо ҳамқадами илм ва маорифи кишварҳои пешрафтаи дунё бошад. Ифтитоҳи суханронии Пешвои миллат ба руҳия ва ахлоқи ҷавонон марбут буд, ки зимнан талқини садоқат ба Ватан, эҳтироз аз хиёнат ба миллату диёр, шинохтани дӯсту душман ва монанди инҳо талқин гардид. Махсусан мафҳуми садоқат ба Ватан ва хидмати холисона барои миллату кишвар аз назари Пешвои миллат аз олитарин сифатҳои инсони хокист, ки ҳамеша мавриди ситоиши хурду калон хоҳад буд. Аз ин гузашта суханронии Сарвари давлат дар дили инсонҳо бавариро ба ояндаи ободу зеботар аз ин рӯз, рӯзгори пурмазмун ва босаодат тавсеа мебахшад. Чунончӣҳини суханронӣ бо эътимоди қавӣ мегӯянд ки “миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад”. Чун дар ҳамаи сӯҳбату мулоқотҳо Пешвои миллат аз мафҳумоти муқаддас Ватан, Модар, Миллат, Таърих, Забон ва фарҳанги миллӣ ёд мекунанд ва тазаккур медиҳанд, ки” мардуми мо таърихи бостониву пурифтихор, фарҳанги қадима, забони ширину шоирона, расму ойинҳои ҳазорсола ва мазҳаби худро доранд, ба онҳо арҷ мегузоранд ва онҳоро дӯст медоранд.” Воқеан дар замони муосир масъалаи тарбияи ахлоқӣ, ки дар партави он хислати ватандӯстиву миллатпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тавсеа хоҳад ёфт дар марказ ва маърази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Имрӯз мактабу донишгоҳ ин ҷанбаи фаъолиятро дар баробари омӯзиши илму дониш ва азхудкунии технологияи муосирдар мадди назар бояд гузорад. Аз ин ҷост,ки Пешвои миллат бадбахтиҳои ба сари миллат омада, инчунин ба ҳизбу гурӯҳҳои терористӣ пайвастани бархе аз шаҳрвандонро аз хурофот, ки ба ҷаҳолат мебарад ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад марбут медонанд. Ибрози ин андешаҳо дар Рӯзи дониш маънии онро дорад ,ки маҳз донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ сарчашмаи ибтикору созандагӣ хоҳад буд ва маҳз ҷавонон идомадиҳандагони корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик мебошанд. Гузашта аз ин аз суханронии Пешвои миллат, боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон ва нерӯи зеҳниву масъулияти онҳо равшан эҳсос мегардад.:”Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем.”

Дигар аз моҳияти мулоқоти навбатии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани мулоқот аст,ки ин макон зодаи даврони истиқлолият маҳсуб мешавад. Ин муассисаи таълимӣ дар даврони истиқлол аз ҳар ҷиҳат рушд кард, дар он дар баробари гузаронидани давраҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистратура ташкил шуд, таълими технологияҳои иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, менеҷменти сиёсӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ ва идоракунии давлатӣ ҷорӣ гардид ва дар ин мулоқот Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад”.

Дар суханронии Пешвои миллат масъалаи илму маориф, сифати таълиму тарбия беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар инмаврид Пешвои миллат оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои лаёқатманд, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва монанди инҳо ибрози назар намуданд. Зимнан оид ба беҳдошти пояҳои моддиву техникии мактабу донишгоҳҳопешниҳодҳои мушаххас баён карда, бо мисолҳои собит аз бурду бохт ва гоҳо заъфи таълиму тарбия ҳарф заданд. Махсусан дастгирии ҳамаҷонибаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ натиҷаи омӯзиши вазъи имрӯзаи илм аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Таваҷӯҳ ба сифати таҳсил ва пешниҳодҳои мушахас дар ин самт бемуҳобо саҳифаи тозаеро дар соҳаи илм ва мориф боз хоҳад кард.Пешвои миллат бар онанд, ки “Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад”. Дар ин самт пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои миллат на танҳо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳову муассисаҳои таълимиро муваззаф менамояд балки аз ҳар нафари устоди донишгоҳу мактаб масъулияти ҷиддӣ, эҷодкорӣ ва ҷустуҷӯйҳои илмиву таълимиро тақозо мекунад.Ин суханронӣ бояст дар Шӯроҳои таълимиву илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дошта бошад ва дар заминаи он нақшаву реҷаҳои корӣ муратаб гардад. Зеросифати кори ҳар як омӯзгор ба тақдири фардои миллат таъсир хоҳад дошт. Мактабу донишгоҳ павозгоҳи инсонҳои ояндасози миллат аст ва сатҳи дониш, фазилат ва ҷаҳонбинии ҳар як нафар шогирд вазъи фардои миллату давлатро ифода хоҳад кард.

Саидумрон Саидов

номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи ак.Бобоҷон Ғаферов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ