​Вокуниш

Ҳодисае, ки рӯзи6- уми ноябри соли 2019 ба вуҷуд омад, ҳамаи моро ғамгин намуд. Якчанд нафар иблисон сарҳади моро убур намуда, ба дидбонгоҳи “Ишқобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид гаштанд. Дар натиҷаи ҳамлаи террористон ду нафар сарбозон ҷон бохтанд. Бист тан хунхороне, ки ба ин амали ғайри инсонӣ даст заданд, оё фикр накардаанд, ки ҳар як сарбози ин ватан дар паноҳи давлат мебошад ва мо намегузорем, ки ҳар гуна бадхоҳон ба мақсади ғаразу нопоки худ бирасанд.

Ҳар як инсоне, ки ба чунин роҳи нодуруст қадам мемонад, дониста монад, ки оқибати кори вай вой асту амалаш нобахшиданист. На аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, на аз нуқтаи назари инсонӣ ва на аз нуқтаи назари дин ин амали онҳо дурустии худро надорад.

Ин бадхоҳоне, ки аз рехтани хуни ноҳақ наметарсанд, бояд донанд, ки чоҳкан зери чоҳ аст ва ҳақиқат ҳамеша ҷойи худро меёбад.Дар халқият мегӯянд, ки “Душмани шахсиятро бубахш, аммо душтани Ватан ва миллататро ҳаргиз мабахш”.

Арзишҳои олие, ки мо мепарастем арзишҳое мебошанд, ки дар худ инсонгароӣ, меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат, ягонагӣ ва созандагиро ҷой намудааст. Дар баробари ин мо ба монанди як тану як ҷон ҳастем ва ба ҳар гуна бадхоҳон ҷавоби қотеъ ва зарбаи шадиди худро хоҳем зад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ