​Магар САҲА лагандбардори «хоҷагон» шудааст?!

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ба шумор меравад, ки Тоҷикистон низ дар давраи соҳибистиқлолии худ ба он аъзо гардид ва ҳамеша ба дастгирии он боварӣ дошт. Имрӯз бошад ин ташкилот ба суханҳои ғаразноки шахсиятҳое, ки фақат ба халалдор кардани вазъи ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастанд, боварӣ доранду ба мутахассисони сатҳи байналхалқӣ, ки ҳамешагӣ барои нафъи Ватани азизамон не. Ин ташкилот онҳоеро пуштибонӣ дорад, ки ҳар қадами онҳо ҷони ҳазорон инсонҳоро гирифта мекӯшанд садҳо кӯдаконро ятиму садҳо мардуми дигарро бесарпаноҳ месозад. Бо таъсири афкори ғаразноки ин гурӯҳҳо имрӯзҳо тариқи васоити ахбори омма шоҳиди дар ин ё он мамлакат худро тарконидани шахсеро бо нидои "Аллоҳу акбар!" мешавем. Магар Ислом ҳамин аст? Магар бо ин амалҳо савоб мегираду Худои худро “хушнуд” мекунад? Баръакс, онҳо бо ин амал хашми Худоро оварда, тамғаи дузахӣ шуданро ба худ насб мекунад. Масъалаҳои терроризму экстремизмро масъалаи аз ҳама муҳим ва асосии кишвар хонда, яке аз паёмҳои

хешро аз сиёсати хориҷии давлат оғоз намуданд, ки ин ҳар як шахсро ба андеша водор месозад. Чаро сиёсати хориҷӣ? Барои он, ки яке аз муаммоҳое, ки ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ларза оварда истодааст, ин терроризму экстремизм мебошад, ки онро “вабои аср” меноманд. Пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амалҳои номатлуб кори на як ё ду давлат, балки ҳама ишварҳои олам аст. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки он ба давлати ман, хонаи ман намеояд. Чун дидӣ, ки хонаи ҳамсоя месӯзад, зуд ба сӯхторхомушкунандагон занг занед, зеро дер ё зуд хатари оташ гирифтани хонаи шумо ҳам вуҷуд дорад”.

Барои ҳар як фарди солимфикр маълум аст, ки қисмат намудани ҷомеа аз номи дин ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, чӣ натиҷаи баде хоҳад дошт. Онҳое, ки имрӯз аз номи ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии он вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд мардумро бо исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои ғаразноки дунявии худ расанд, аммо дар асл манфиати ислому муслимин барояшон ҳеҷ аҳаммияте надорад. САҲА имрӯз ба ин афрод дасти ёрии худро дароз карда истодааст.

Мардуми тамаддунсози тоҷик таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаро аз хотир набаровардааст ва ҳаргиз ба иғвову дасисаи ин ношудон бовар намекунад. Аллакай аз ҳаёти гузаштаи худ хулосаи дуруст баровардааст. Моро месазад, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус ба даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез фирефта нагардем. Нагузорем, ки фазои сулҳу субот ва ваҳдатофари мо, ки аз нури хуршеди истиқлол мунаввар гаштааст, тира гардад.

Ҳафиза Бекзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ