​Воситаҳои ахбори омма – инъикосгари ҳаёт

Воситаи ахбори оммаи кишвари Тоҷикистон имрӯз хеле фаъол буда, воқеа ва ҳодисаҳои сиёсиву иқтисодии дохиливу хориҷии мамлакатро возеҳу равшан ва объективона инъикос менамояд. Дар ин раванд Агентии Миллии Иттилоотии Ховар бевосита рӯйдодҳои сиёсии кишварро воқеъбинона ва рӯшан таҳлилу баррасӣ менамояд. Вазифаи ВАО бевосита ташвиқу тарғиб ва инъикоси пешрафту шукуфоии давлату ҷомеа ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад. АлбаттаВоситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз журналистони касбӣ иборат буда, вазифаи хешро содиқонаву софдилона ва бо касбияти баланд иҷро менамоянд.

Яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези сиёсии дар моҳи сентябри соли равон рухдода, ин низоъҳо миёни сарҳадоти ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст – Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки аз сабабитақсимоти обу замин ва нофаҳмиҳои тарафайн миёни мардуми ду кишвар ҷанҷолу низоъҳо рӯй дода, бо куштори якчанд мардуми оддӣ ва сарҳадбонон анҷомид. Бо талошҳои пайгиронаи Сарварони ду кишвар авзоъи муташанниҷи сарҳад бо музокироти роҳбарон одилонаву оқилона ҳаллу фасл гардида, сулҳу амният байни аҳолӣ ва сарҳадбонон пойдору мустаҳкам гардид.

Лекин директори хадамоти иҷроияи Радиои Озодӣ “Радио Озоди” Салим Аюбзод дар сомонаи Фейсбукии хеш хадамоти иттилоотии Ҳукумати Тоҷикистонро бо он танқид менамояд, ки гӯё ин маркази иттилоотӣ ҳодиса ва воқеаҳои сиёсии сарҳадии моҳи сентябр байни ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст – Тоҷикистону Қирғизистон рӯйдодаро ба васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дуруст ва воқеъбинона пешниҳод накардаанд ва ин маълумотҳоро пинҳон медоранд. Лекин фаромуш набояд кард, ки навишта ва мақолаҳои баҳсбарангезу ҳангомаовар метавонанд боиси ба миён омадани низоъҳову нофаҳмиҳои пурпечутоб гарданд, ки оқибат ин низоъҳо паёмадҳои нохушро ба миён оварданашон мумкин аст. Бояд таъкид сохт, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар инъикоси инқазиҳои сиёсӣ бетарафиро як сӯ гузошта, пайсаста сари ин мавзӯъ андешаҳои солими хешро дар расонаҳои хабарӣ дарҷ ва манзури аҳолии кишвар мегардонанд.

Хуб мешуд, агар сомонаиШумо коҳи куҳнаро бод накарда, аз дастовардҳо ва мувваффақиятҳоиТоҷикистон ва ташвиқу тарғиби ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳо чоп мекард.

Бояд таъкид сохт, ки аз тарафи ВАО и кишвар ҳамаи хабару гузоришҳо саривақт омода ва нашр шуда истодааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик, ки рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронида, бо азобу машаққатҳои зиёд ба ин озодиву ободӣ ва сулҳу суботи комил расидааст, бояд давлату миллати хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва баҳри пояндагиву устувории кишвараш ҷаҳду талош намояд.

Бале, халқи ватандӯсту заҳматкаши тоҷик дигар фирефтаи душманони дохиливу хориҷӣ намегардад ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаиАсосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ва ба васвасаву найрангҳои душманони дохиливу хориҷӣ фирефта нашуда, бо диду дили гарм баҳри ояндаи неки Тоҷикистони биҳиштосо талош варзем.

Халқи шарафманди Тоҷикистон ҷонибдори ҳақиқии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шаропов Ш., Рабиев С., Убайдуллоев А. - устодони МДТ “ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ