Дастури Пешвои миллат оид ба нархи истифодабарии интернет

Миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва мо бояд бо арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва давлату давлатдории навин пайваста омузему талқин намоем.

Шоми гузашта бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ баргардонида шуд.

То имруз дар бораи баландшавии интернет дар байни мардум сару садоҳои зиёде буд. Қисми мардум аз баландшавии интернет норозигӣ баён карда буданд. Зеро,ки имруз мардум бисёр ахборҳои сиёсиро маҳз аз ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар мегардиданд. Ё худ бисёре аз мардумони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Онхо низ маҳз бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам алоқа доранд.

Имруз мо шоҳиди он шудем, ки чунин Президенти ғамхор дорем,ки он кас дар ғами халқи худ ҳастанд. Дар ҳақиқат ҳам Президенти кишвар ифтихори миллати мо ҳастанд.Мо бояд шукрона кунем,ки чунин сарвари бо нангу номус дорем.Сипос ба Пешвои муаззами кишвар,ки чунин иқдоми некро пазируфтанд.

Авангард

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ