​Проблемаҳои инноватсионӣ-геоэкологии идоракунии сарватҳои табиии Тоҷикистон

Дар раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конфронси илмӣ-амалии “Проблемаҳои инноватсионӣ-геоэкологии идоракунии сарватҳои табиии Тоҷикистон” бахшида ба 75-солгаии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Садриддин Абдураҳимов баргузор гашт.

Дар ибтидо, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, гуфт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва пешрафту тараққиёти босуръати илму техника омӯзишу рушди бемайлони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар кишвар муҳим мебошад. Ин масъала дар соҳаи илму маориф ҳамчун ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст. Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар партави чунин сиёсати дурбинона ба як маркази бонуфузи илмиву тадқиқотӣ, ихтироъкориву навоварӣтабдил ёфта, дар баробари ин барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзиву табиатшиносӣ нақши арзанда гузошта истодааст.

Ҳамчунин Ҷамшед Ҷӯразода доир ба ҳаёт ва фаъолияти густурдаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Садриддин Абдураҳимов сухан карда, зикр дошт, ки давоми даҳ соли охир зери роҳбарии устод ду лоиҳаи илмии буҷавӣ бо номҳои “Идоракунии сарватҳои табиии Тоҷикистон ва истифодабарии он дар раванди таълими мактабҳои олӣ” ва “Проблемаҳои инноватсионӣ-геоэкологии идоракунии сарватҳои табиии вилояти Суғд” татбиқ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо борҳо экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил гардидаанд. Натиҷаи чунин тадқиқотҳо дар рисолаву монографияҳои устод ва рисолаҳои диссертатсионии шогирдонашон инъикос ёфтааст. Зикри ин нуқта рафт, ки чанде пеш аз ҷониби Фонди Президенти тадқиқоти бунёдии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лоиҳаи илмии устодони донишгоҳ дар самти илмҳои дақиқ пазируфта гардид, ки яке аз ин лоиҳаҳо ба қалами профессор Садриддин Абдураҳимов тааллуқ дорад. Лоиҳа ”Проблемаҳои инноватсионӣ-гидрологии идоракунии оби обтақсимкунакҳои сойҳои хурди ҷанубии қаторкӯҳи Қурама” унвон дошта, байни солҳои 2020-2021 татбиқ хоҳад гардид.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияҳи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ номаи шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, гуфт, ки нақши профессор Садриддин Абдураҳимов дар ташкили экспедитсияҳои илмии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус қаторкӯҳҳои Қурама, Қаромазор, водиҳои Фарғонаву Зарафшон, Ҳисор, Тоҷикистони ҷанубӣ ва Помир бориз мебошад. Гуфта шуд, ки ӯ тӯли фаъолияти илмию омӯзгории худ ба масъалаҳои мубрами илми геоэкология таваҷҷуҳ намуда, мавзӯи истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, хусусиятҳои геоэкологии ҷойгиршавии онҳо, идоракунии сарватҳои табиӣ аз офатҳои табиию техногенӣ, таснифот ва паҳншавии сарватҳои табиӣ, таъсири офатҳои табиию техногенӣ ба рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар идома, номзади илмҳои география, дотсент Турдибой Турдиев дар мавзӯи “Тадқиқоти геоэкологӣ дар Тоҷикистон ва асосгузори он“ ва номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Дилором Саидова доир ба “Проблемаҳои инноватсионӣ–геоэкологии идоракунии сарватҳои табиии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Пас аз он, ҳамкорон ва пайвандон доир ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва фазилату атвори мавсуф ибрози назар карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ