​Вокуниш оид ба ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017, ш.Душанбе) қайд гардид, ки «соли ҷорӣ дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ѓайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт…».

Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ, ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқўъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногун содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд. Санаи 18 сентябри соли 2010 амали террористӣ дар бинои Раёсати минтақавии ВКД ҶТ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Хуҷанд, 19 сентябри соли 2010 ҳамлаи террористон ба корвони автомашинаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 23 июли соли 2012 амали террористӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва кушта шудани генерали Раёсати амнияти давлатӣ, санаи 4-5 сентябри соли 2015 содир шудани амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби гурўҳи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва амсоли онҳо ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварданд. Гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо ҳар васила мехоҳанд, вазъи кишварро ноором созанд.

Имрӯзҳо низ таҳти пуштибонии хоҷагони хориҷии худ ба чунин амалҳои номатлуб даст зада истодаанд. Албатта, дар ҳар давру замон қувваи некӣ ғалаба хоҳад кард. Имрӯзҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини тинҷиву оромии ҷидду ҷаҳд дорад ва намегузорнад, ки ба ин нияти пок касе ё гурӯҳе халалдор шавад.

Шарифов М.М. – омӯзори кафедраи таърихи Ватан ва археология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ