​Изҳороти мудири кабинети кафедраи ҳуқуқшиносӣ Думаева А.

Дар давраи муосир яке аз муаммои глобалии халқҳои ҷаҳон таъсири манфии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии ин ташкилотҳо миллионҳо шахсони бегуноҳ, кўдакон ба ҳалокат расида, шаҳру ноҳияҳои ободу зебо ба харобазор табдил ёфта истодааст.

Ба қатори ташкилотҳои экстермистӣ ва террористӣ чунин ташкилот ва гурўҳҳо дохил мешавад: Ансоруллоҳ, Ҳизбуллоҳ, Ҳизб-ул-таҳрир, Ал-қоида, Толибон, Ҳанафия, Ваҳобия. Дар Тоҷикистон низ дар солҳои охир таъсири ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла маълум шуд, ки ҲНИ дар қатори инҳо мебошад.

Мақсади асосии ин ташкилотҳо аҳолии ҷаҳонро тарсонидан ва дар роҳҳои худ истифода бурдан мебошад. Бо роҳи зўроварӣ, маҷбуркунӣ ва аз роҳ задан кўшиш намуда истодааст, ки нақшаҳои бардурўғу бемаънии худро ба амал барорад. ҲНИ дар давоми якчанд солҳо ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуд. Мутаассифона дар солҳои охир амалиётҳои ғайриқонунии ин ҳизб ба ҳама ошкор гардид.

Дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ин ҳизб якчанд нафар ҷавонон роҳи худро гум намуда ба дараҷаи хоини давлат расониданд. Якчанд нафари онҳо дар фиребу дурўғи ин ташкилотҳо ба ҳалокат расидаистодаанд ё дар қисматҳои гуногуни мамлакатҳои ҷаҳонӣ сарсон шуда гаштаанд.

Дар ҳақиқат фаъолияти ин ташкилотҳо ғайриинсонӣ ва ғайриқонунӣ мебошад. Барои пешгирӣ намудани таъсири манфии ин ташкилотҳо ба ҳаёти ҷавонон ва аҳолии ҷаҳон муттаҳид шуда мубориза бурдан зарур аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ