Осудагӣ ва саломатии сокинони кишвар муҳим аст!

Санаи 26 марти соли 2020, субҳ соати 06:14 журналист Додоҷон Атовуллоев дар саҳфаи интернетии андешаҳои худро зери унвони “Рӯзномаи рӯз” таҳия ва интишор намудааст. Ин як даъватномае ҳаст, ба ҳамватанони хориҷӣ, ки побанди пропагандаи ҳар гуна овозаву дарвозаҳо дар мавриди каронавирус нагарданд.

Атовуллоев ба услуби ба худ хос дар аввал оид ба ҳолати аз каронавирус холӣ будани кучаву хиёбонҳо ва муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Берлин ва дигар шудани муносибатҳои байниҳамии сокинони он бар асари ин беморӣ сухан гуфта, баъдан ёдрас аз репортажҳои журналистони шиносаш аз шаҳрҳои Рим, Париж, Вашингтон, Осло, Мадрид оид ба паҳншавии мариз мешавад. Ӯ гила аз он мекунанд, ки мухолифин “ба Тоҷикистон” “вирус” омад” гуфта, “дуруғ” мегӯянд.

Ба ҳамватанони хориҷӣ муроҷиат намуда менависад, ки “биёед имрӯз ҳама баҳсҳоро, кашмакашиҳоро, уқдаҳоро канор мегузорем ва ҳама бо ҳам аз таҷрибаи кишварҳое, ки мо дар онҳо зиндагӣ мекунем, бинависем, бигӯем! То ҳамватанони мо аз таҷрибаи онҳо барои пешгирии вабои охирзамон сабақ бигирем”. Атовуллоев мубориза бо каронавирусро ба ҷанг монанд кард, “ҷанги ҷаҳонӣ”. “Штаби ин ҷанг ҳукумати Тоҷикистон аст. Мо бояд ҳукуматро дар ини муқовамати поёнаш номуайян танҳо нагузорем. Аз имрӯз то пирӯзӣ мо бояд ҳама дар ин штаб бошем! Аз имрӯз мо ҳама ҳукуматем! Баҳсҳо, эродҳо, мунозираю мубоҳисаҳо баъд... ”

Воқеан, давраи ноаёнии (инкубатсионии) каронавирус Covid-19 метавонад беш аз ду ҳафта идома меёбад. Аломатҳои касалӣ бо аломатҳои пневмония монанд аст: беҳушшавӣ, сулфаи хушки беҳосил. Он нисбат ба дигар маризи вирусӣ зуд паҳн мегардад.

Ва дар кишварҳои дунё беш аз 500 ҳазор мубталои ва беш аз 200 ҳазор қурбони он гаштаанд. Имрӯз мубориза бо он ин мубориза барои ҳаёт, ҳаёти инсоният аст. Аз ин рӯ дар тамоми дунё баҳсҳои сиёсӣ, мухолифати сиёсиро як сӯ гузошта, тамоми нерӯ, захираҳоро баҳри ба даст овардани ғолибият бар Covid-19 Каронавирус сафарбар менамоянд. Дар мубориза бо Каронавирус интизоми қатъӣ зарур аст.

Муҳим аст, ки ҳангоми дар меда, хосатан дар сомонаҳои иҷтимоӣ навиштану гуфтан оид ба ин мариз мардуми бе ин ҳам дар ҳарос бударо ба воҳима наандозем, он чизе, ки намефаҳмем, беҳтараш ба хотири осудагӣ ва саломатии сокинони кишвар нанависеем. Танҳо ба маълумоти расмӣ ва санҷида бовар намоем. Ин хеле муҳим аст!

Комилов К.И. дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ