​Ҷавононро аз хатар эмин дорем!

Вазъияти сиёсии ҷаҳони имрўза то дараҷае вазнин ва пешгўинашаванда гаштааст. Ҷангҳои локалии давлатхои алоҳида боиси тезу тунд шудани вазъияти сиёсии умумиҷаҳонӣ мебошанд. Хавфи оғоз гардидани ҷанги сеюми ҷаҳон бошандагони сайёраи заминро ба изтироб овардааст.

Дар чунин вазъият сулҳу оромии ватани азизи мо боз ҳам пурарзиштар ба назар мерасад. Имрўзҳо рафтори нохалафонаи ашхосе, ки бандаи зархариди хочагони хориҷӣ гашта худро “некбинони” тоҷикон эълон кардаанд моро ба хашм овардааст.

Мусаллам, ки аъзоёни “Паймони миллӣ” бо роҳбарии М.Кабирӣ ба аҳли ҷомеаи мо таҳдид доранд, вазъи сиёсиро ноором сохта истодаанд. Ин тоифа нохалафон арзишҳои умумибашариро “парчам” намуда, чунин рафтор карда истодаанд, ки умуман ба арзишҳои ахлоќӣ дуруст намеояд, ҳатто зид ҳам хастанд.

Ташфиқотчиёни ин равияҳои номатлуб дар байни ҷавонони мо ҳам амал мекунанд, фикри онҳоро ба ақидаҳои худ ҷалб карданианд. Маҳз ба психологияи ҷавонон дохил шуда парасторони бо ном “некбинона” дар он “донаҳои шубҳаро мешинонанд”, ки меваи он заҳролуд аст, майнаи онҳоро вайрон мекунад.

Фаъолияти чунин гурӯҳҳоро ночиз донистан хатои мутлақ мебуд. Эмиссарҳои онон дар тарғиботи худ аз технологияҳои муосири психологӣ ба таври хеле васеъ истифода мебаранд ва натиҷа – шумораи ҷавононе,ки гирифтори домашон гардидаанд кам нестанд.

Аз ин рў аҳли Ҷумҳурии мо, махсусан ҷавонон бояд ба ќадри сулҳу оромии кишварамон расанд, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, побанди гуфтаҳои ғаразноки таблиғотчиёни равияхои гуногуни эктремистиву террористӣ нагарданд.

Изҳороти дотсенти кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Бобоева С.Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ