​Мизи мудаввар: Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат”

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки гирандагони Стипендияи Президентӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд, аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натиҷагирии кору пайкори ҷавонон дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонӣ ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад.
Сипас Муталиб Маҳмудов, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, роҳбари маҳфили умумидонишгоҳии "Пайравони Пешвои миллат" доир ба мавзӯи “Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон” сухан намуда, қайд кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дошта, Пешвои миллат бо ифтихормандӣ ба савияи илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии мо, ҷавонон баҳои баланд дода, ин қишри ҷомеаро нерӯи созанда ва қувваи пешбаранда унвон кардаанд.
Аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ Назира Абдуллоева дар мавзӯи “Пешвои миллат ва рушди соҳаи маориф”, Муҳаммадраҳим Абдуғаффоров дар мавзӯи “Чеҳраҳои мондагор – беҳтарин осори таърихӣ”, Боҳирҷон Ахмедҷонов дар мавзӯи “Пешвои миллат – роҳнамои имрӯзу фардои дурахшони ҷавонон”, Мафтуна Ғаниева дар мавзӯи “Ҷавонон – ташаббускори амалҳои созанда”, Нилуфар Мирусмонзода дар мавзӯи “Пешвои миллат - эҳёгари суннати ниёгон” маърӯзаҳо пешкаш намуданд.
Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом пазируфт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ