​Кулўхандозро подош санг аст!

Дар фарҳнаги миллати соҳибхираду ботамаддуни тоҷик оини ҳамсояву ҳамсоядорӣ соҳиби ҷойгоҳи махсусе мебошад, ки дар тўли асрҳои дароз он муроот мешавад. Мо – мардуми тоҷик дар асоси таълимоти исломӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ ҳаққи ҳамҷаворро на камтар аз худ медонем ва барояш эҳтироми махсус қоил ҳастем, ки ин аз маданияти шаҳрнишинӣ ва созандагии мо башоратмедиҳад. Дар тўли таърихи худ миллати тоҷдори тоҷик ҳеҷ вақт ба хотири ҷоҳу сарват бар хонаву дари ҳамсояи худ чашм ало накардааст. Ин маллат ҳеҷ вақт мисли дигарон барои ризқу рўзии худ хун нарехтаву таҷовуз бар марз накардааст.

Аммо алорағми ин ҳама гуманистии мо ҳамсоягонамон, ки дар тўли мавҷудияти худ ҳамеша чун дад зиставу ризқи худро аз қатлу куштор ва ғорату асорат ба даст овардаанд, аз ин сулҳпарвариву инсондўстии мо сўиистифода кардаанд.

Муноқишаи нангине, ки чанд рўз қабл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқўъ пайваст ва натиҷааш боиси аз ҳаёт маҳрум сохтании афроди бегуноҳ аз ҳарду ҷониб шуд, мо тоҷиконро сахт нигарон кард. Ин бори нахуст набуд, ки марзбонон ва сокинони манотиқи марзии Қирғизистон даст ба шикастани оини бародариву ҳамҷаворӣ мезананд ва бо ин амали ноҷову ноҷавонмардона эътиқоди моро нисбати худ барҳам медиҳанд. Онҳо бо ин рафтори ғайриинсонии худ риштаи дўстиву рафоқат ва ҳамсоягиеро, ки асрҳо инҷониб мардуми тоҷику қирғиз доштанд, гусаста, фарҳанги гуманизмро ба зери по меандозанд.

Ин рафтори онҳо аз Шумо – омўзгорони қирғиз вобастагии зиёд дорад. Зеро дар кадом рўҳия ташаккул ёфтани тафаккур ва ҷаҳонбинии шахсият ва дар маҷмўъ, ҷомеа ба дидгоҳ ва мафкураи омўзгор сахт алоқаманд аст. Шумо – омўзгорони муҳтарам, дар баробари таълим, бояд насли навраси худро дар рўҳияи инсондўстӣ, одамгарӣ, фарҳанги ҳамҷаворӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром қоил шудан ба арзишҳои волои ҳамсоягон ва тамомияти арзии эшон тарбият намоед. Фаромўш насозед, ки беэҳтиромӣ нисбати ҳамсоя ва ё ҳадафи тир қарор додани он ҳунар ва ё шоистаи таҳсину қадршиносӣ, маданияту ҷасорат ва ҷавонмардиву далерӣ нест, балки ин терроризму ваҳшоният ва ҳайвоният аст.

Вақти он гузштааст, ки ҳар халқияте читавре ки хоҳад бо ҳамсоягони худ амал кунад ва ин рафтори худро матонаду диловарӣ ва ҷасорату мардонагӣ унвон созад. Ба шумо мардуми қирғиз гуфтанием, ки ба ин рафтори нимаваҳшиву нимаҳайвонии фарзандони хеш нуқтаи таммат гузоред. Зеро хуб бояд дар ёд дошт, ки кулўхандозро подош санг аст!

Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ