Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон қадар аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар мешавад. Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошад. Мо ба масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъматҳои ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мади назар дур намесозем.

Таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки кору пайкори Пешвои миллат бо каломи оташину созандаи ӯ пайванди ногусастани доранд. Тавъман будани гуфтору амал аз волотарин сифатҳои сарварист. Пешвои миллат бо эҳсоси бузурги ватандӯстӣва меҳру муҳаббати бепоён ба халқу диёр гуфта буданд:“Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон садоқатмандона хизмат мекунам”. Дар онлаҳзаҳои ҳассоси сарнавиштсоз, дар он рузҳои мудҳише, ки оқибати рӯзгор ва давлатдории тоҷикон норӯшан буд на ҳар сарвар ба изҳори чунин савганди бузург ҷуръат мекард. Лекин дар ҳама давру замон ҳастанд нафароне, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ҷомеае, ки дар он сулҳу субот ва тинҷию оромии шаҳрвандон ба назар мерасад ва ҳолати осудаҳоли зисту зиндагонї карда истодааст тухми адоватро пош диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад ва ин имконият медиҳад, ки дар тамоми самтҳои сиёсати хориҷи худ “Сиёсати дарҳои кушод”-ро пеш барад. Дар ҳамин асос дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, инқилоби илмию техникӣ ба инкишофи шуури ҷамъиятӣ истифодаи васеи шабакаи интернет нақши муассир дорад. Дар шароити муосир имконияти дастрасӣ ба интернет афзун гардида, боис мегардад, ки ҳар як сокини кишвар бе ягон мушкилӣ ба масоили доғи рӯз ибрози назар карда бошад. Бо ворид гардидани техника ва технологияи навтарин, амалӣ шудани принсипҳои демократӣ дар ҳаёти рӯзмарра таъсири ВАО, бахусус, интернет дучанд гардидааст. Имрӯз, бо дар назардошти раванди демократикунонии ҷомеа ва татбиқ гардидани сатҳи истифодаи технологияи навтарини иттилоотӣ дар ин самт таҳаввулот ба мушоҳида мерасад.Бо истифода аз шабакаҳои интернет гуруҳҳои иғвоангези ҷомеаи ҷаҳонї, ки ниятҳои нопоки худро бо ворид кардани ҳар гуна информатсияҳои дурӯғ мафкураи ҷомеаро заҳролуд карда истодааст ва мебоист ҳар нафаре, ки дар сомонаҳои интернетї пайваста кор мекунанд, аз дасисаҳои дуруғи гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҳушёр бошанд, то ки гирифтори суханони дуруғи он нафарон нагарданд. Масалан, дар замони муосири ҷаҳонишавї хатари азиме, ки вабои асри XXI номгузори карда шудааст, терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад. Боиси нигаронист, ки имруз гуруҳҳое пайдо шуданд, кибо маќсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаётимардум бо роҳу воситаҳои гуногун баҳри амалӣ гардидани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш мекунанд. Ҷараёнҳои террористию экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя менамояд, ки чун вабои аср хатариҷиддӣ буда, таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.Бинобар ин аз ҳар шаҳрванди кишвар мебоист талаб намуд,ки ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва дастовардҳои бо мушкили зиёд ба дастомадаро ҳифз кунем ва нагузорем бар пои ҳар як шаҳрванд кишвар хоре занадва доимо дар талоши якпорчагиву якдили миллат талош варзем ҳамеша “Ҳушёрию зиракии сиёсӣ”-ро аз даст надиҳем ва дар зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат барои гулгулшукуфои кишвари азизамон саҳм гузорем ва нагузорем, ки ба чашми “Модар” “Ватан” хок пошанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ