​Ба рӯи нотавонбинон

Ёдовар мешавам, ки чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки алъон ягона макон барои сафсатапарокании нотавонбинони миллат (наҳзатиҳои террорист ва думравонашон) боқӣ мондааст, бобати сафарҳои хориҷии Пешвои миллат, хоса ба кишварҳои аврупоӣ, андешаҳои муғризона баён шуда буд.

Чуноне, ки мо огаҳи дорем 8 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия сафар намуданд. Боиси ифтихор аст, киимрӯз Тоҷикистони моро тамоми мамоликидунё мешиносанду эътироф мекунанд. Ва мо мардуми тоҷик бо сарварии ин марди хирад тавонистем Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Бояд гуфт, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бисёр масъалаҳои сиёсӣ, кибар манфиати ҳарду кишвар аст баррасӣ гардиданд. Бисёр созишномаҳо ба имзо расиданд. Ҳамчунин дар мулоқот масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин саъю кӯшишҳое, ки аз ҷониби сарвари давлату ҳукумат мешавад барои ободӣ ва тинҷиву оромиимардумаш мекунад, ки инро мо мардуми тоҷик бояд эътироф намоем. Ва нагузорем, ки ба оромии миллати тоҷик касони нохилоф халал расонанд. Бо бояд аз як гиребон сар бароварда, бар зиддӣ беадолативу беинсофӣ ва амалҳои террористию экстримистро решакан намоем. Ва бо шиори “Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”амал намуда насли наврас ва ҷавононро бо руҳияи баланди ватандорӣ тарбия намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ