​Либос ва таъсири он ба ахлоқ

Маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» бо иштироки устодону донишҷўёни факултети педагогӣ дар мавзӯи «Либос ва таъсири он ба ахлоқ» баргузор гардид.

Раиси маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» Зулфия Раҷабова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, мехмононро барои ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар маҳфил бонуи ҳунарманду шинохта Салимабону Каримова, раиси Шӯрои занони МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» М. Рустамова ва раисони Шурои бонувони факултетҳо ширкат варзиданд.

Сармуаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ М. Ҳоҷиева таҳи унвони «Либос ва таъсири он ба ахлоқ» маъруза намуда, доир ба наваъҳои либоси миллӣ маълумот дод.

Меҳмони маҳфил, бонуи ҳунарманд Салимабону Каримова низ ба сухан баромада, оид ба ҳунари дӯзандагӣ, аҳамияти матоъҳои табиӣ, аз қабили атлас, адрас, шоҳӣ, беқасаб, анъанаҳои либоспўшии занҳои тоҷик ва риояи он, таъсири либос ва мафкураи ҷавонон суханронӣ намуд.

Дар қисмати фарҳангӣ намоиши сару либосҳои солҳои гуногун, қироати шеър, суруд, рақс, саҳнача ва ғайра аз ҷониби донишҷўдухтарони факултет хеле моҳирона иҷро шуданд.


Дилфӯзахон Қаюмова, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ