​Ба кор андозии агрегати дуюми НОБ-и Роғун муборак !

9-уми сентябри соли 2019 тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди ба корандозии агрегати дуюми НОБ-и Роғун гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд. Нерӯгоҳи “Роғун” самараи истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он ҷашни бузурги миллӣ мебошад. Номи ҳар як мутахассисону сохтмончии баландихтисос ва шарикони сохтмони НОБ-и Роғун дар таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. То имрӯз яке аз иншооти муҳимми нерӯгоҳ – нақби обпартои сеюм – яке аз тавсияҳои асосии коршиносони байналмилалӣ дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ бунёд карда шуд ва чанд лаҳза пештар ба истифода дода шуд. Дар қатори дигар нақбҳо ин нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди нерӯгоҳ дар даврони истиқлол сохта шудааст. Ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард. Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бисёр масъулиятнок ворид гардида, корҳои боз ҳам бузург дар пешанд. Барои иҷрои ин корҳо кӯшишу ғайрати ҳамарӯза ва андешидани тадбирҳои зиёд зарур мебошад. Ҳукумати кишвар фаъолияти худро ҷиҳати бомаром татбиқ намудани лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” равона сохтааст.Ҳамзамон бо ин ҳар як шаҳрванди Тоҷилистон барои вусъат бахшидани корҳои бунёди ин иншооти аср фаъолияташро равона намуда, бояд масъулияти худро ба пуррагӣ дарк намоянд. Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст. Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳо имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад. Бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад. Бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон амалӣ мегарданд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаибунёдкорони “Роғун”- робо комёбии навбатӣ – ба кор даромадани агрегати дуюми ин нерӯгоҳи бузург самимона табрик гуфтахонаободӣ ва барори кору пирӯзиҳои бештар орзу менамоем.

Устодон ва кормандони кафедраи Анатомияиварзиш ва мудофиаи гражданӣ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ