​Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

ҲНИ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣфаъолияташро оғоз кард. Яъне дар ҳамон давра гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои коститутсиониихеш муттаҳид ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронаш нишон дод, ки нияташ холисона пок нест.баррасии парванда собит сохт, ки бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.

Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи Қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд ва 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи

халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

Далелхо зиёданд, хамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҷои таасуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеияти обективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашонтавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Имрӯзҳо симои аслии Мухиддин Кабири маълум ва мардуми Точикистон уро хамчун як нафари хоин, ватанфуруш,

беимон ва нокас мешиносанд. Мухиддин Кабири аз вакте, ки аъзои собик Ҳизби назхати ислом айни замон ТЭТ ХНИ шуданаш ба халку ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Мухиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хорича истода бо фармони хочагони хоричиаш обурую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи чахони паст карда истодааст. У бо аъзоёни ба ном Хизби назхати исломи аммо дар асл ташкилоти террористии ХНИ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо хам чанг андохта Точикистони азизи моро ба хоку хун огушта карда буданд.

Маротибаи дуюм Кабири ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.

Дарин солҳо кори ҳизби назхати ислом аз қатори дигар ҳизбҳои дар Тоҷикистон амалкунанда бароварда шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ