Изҳороти шуъбаи магистратура

Албатта Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ рамзи соҳибихтиёр, демократӣ ва ифодагари дӯстии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ сарвати маънавии давлату миллат маҳсуб меёбад. Зеро шаҳрванди хештаншиносу худогоҳ ва соҳибватан бояд ба ин муқаддасоти миллат арҷгузорӣ намуда, баёнгари фарҳанги миллии мо мебошад. Бояд қайд кард, ки ташаббуси маорифпарварони ВМКБ айни муддао мебошад. Зеро наврасону ҷавонони давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, ҳифзкунандагони рамзҳои давлатӣ, арҷгузорандагони фарҳанги маънавию моддии кишварамон маҳсуб ёфта, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату Ҳукумат боқӣ мемонад. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки Суруди миллӣ шиносномаи давлату миллат буда, дар тамоми кишварҳои дунё мешиносанду эҳтиром менамоянд.Мо, ҷавонони саодатманд, ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Чи хеле, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: "Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоистава эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Истиқлолият ин давраи нави эҳёи халқи тоҷик буда, миллат тавассути даврони мустақилият ба тамоми кишварҳои дунё бо рамзҳову нишонаҳои худ муаррифӣ мегардад. Рамзҳои давлатӣ худ як нишонаест, аз соҳибистиқлолии давлат, сарҷамъии мардум, худшиносӣ ва таҷассумгари ҳастии миллат мебошад. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳомбахшест барои кору пайкори мардум, бегазанд нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкишбахши давлатдории халқи тоҷик мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ