Донистани ҳуқуқҳои худ қарзи шаҳрвандии мост

Ҳуқуқи инсон аз куҷо оғоз мешавад. Аз ҷойҳои хурд, аз наздикиҳои хона, азҷойҳои, ки онро аз ягон харитаи ҷаҳон дида намешавад.

Ва то ин ҳуқуқҳо мазмуни худро наёбанд, онҳо аҳамияти худро дар куҷое набошанд ҳам гум мекунанд.

Элеонора Рузвелт-амрикозани фаъоли ҷамъиятӣ

Ҳуқуқи инсон ин ҳамон ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба ҳар як инсони дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба хотири он хос аст, ки вай Инсон аст. Ва ин ҳуқуқ аз ӯ ҷудо карда намешавад. Ин ҳуқуқҳо барои он заруранд, ки моҳияти инсонии ҳар як одам ҳимоя ва риоя карда шавад. Ҳуқуқҳои гуногун зиёданд, аммо ҳуқуқи инсон ягона ҳуқуқе мебошад, ки ба ҳама ва дар ҳар ҷойи дунё баробар таалуқ дорад, бо мафҳуми дигар ҳуқуқи инсон умумибашарист. Ҳуқуқи инсон асолати табиист ва мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаънои дода намешавад. Рӯзи ҳуқуи инсон ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз яъне 10.12.1948 Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи умуми ҳуқуқи башарро қабул карда аст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар санадест, ки шараф ва ҳуқуқи бунёдии ҳамаи одамони рӯйиҷаҳонро қонун гардонд. Эъломия бо иштироки намояндагони ҳуқуқӣ ва фарҳангии миллатҳои гуногуниҷаҳон тартиб дода шудааст. Бинобар ин дар он тамоми арзишҳои умумӣ дастовардҳои ҳамаи миллату давлатҳо мустаҳкам карда шудаанд. Дар эъломия шаъну шараф ва баробарҳуқуқии ҳар як инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва эълон карда шудаанд. Ӯҳдадориҳоидар эъломия зикр гардида, оид ба риояи принсипҳои қабулкардаи давлатҳои ширкаткунанда имконият доданд, ки шаъну шарафи миллионҳо одамони рӯйи замин ҳимоя карда шавад ва барои бунёди ҷаҳони адолатпарвар заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Сарфи назар аз он ки ваъдаҳои дар эъломия зикр гардида ҳоло ба пуррагӣ иҷро нашуда бошанд ҳам маҳз он далелҳо, ки бо мурури замон мустаҳкам будани меъёрҳои эъломияро нишон медиҳанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки эъломия хусусияти таъхирнопазир дорад ва арзишҳои он абадӣ мебошанд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз дебоча ва 30 модда иборат аст. Эъломияро бештар аз дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ тарҷума мекунанд. Ва имрӯзҳо бошад матни эъломияро бештар аз 500 забонҳои дунё тарҷума карда шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф намуда, дар санади асосии кишварамон Конститутсия меъёрҳои онро инъикос ва таҳким бахшидааст ва аз лиҳози пурра дар бар гирифтани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва кафолати ҳифзи онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи қонунҳои асосии беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст.Мо аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар илҳом мегирем ва баҳри адолат, баробарӣ ва инсондӯстӣ пайваста мекӯшем. Арзиши умумӣ ва баробарии ҳар як инсони рӯйи ҷаҳонро эътироф ва эҳтиром менамоем. Баробарӣ, адолат ва озодӣ ин ягона роҳи пешгирии зӯроварӣ ва муносибатҳои ғайриинсонӣ мебошад. Пас биёед дастаҷамъона ҳуқуқҳои худ ва дигаронро ҳимоя менамоем. Баҳри пойдории сулҳ ва амният дар ҷаҳон саҳми худро гузорем.

Мо ҷавонони даврони истиқлолият ифтихор аз он дорем, ки дар давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, риояи қонунгузорӣ, саҳм гузоштан барои рушди устувори мамлакат қарзи шаҳрвандии мо мебошад.

Раҳима Ҳасанзода донишҷӯи курси чоруми факултети таърих ва ҳуқуқ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ