​Суруди миллӣ – нишони далатдориву хушбахтӣ

(Ҳамовозӣ ба пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хондани суруди милӣдар муассисаҳои таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Суруди милӣ нишони давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва дарки ваданпарастиву ватандӯстӣ мебошад. Хондани суруди миллӣ дар муассисаҳои миёнаву олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорону толибилмон нишонаи доштани ҳувияти баланди милӣ аст. Қабл аз оғози дарс хондани суруди миллӣ аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст. Аз ҷумла, инъикоскунандаи нишони ватандӯстиву вафодорӣ буда, муҳаббат ба Ватанро бедор мекунад. Хондани якдилонаи суруди милӣ кайфияти касро хуб мекунад ва дарки муҳаббатро бедор месозад. Хондани суруди миллӣ талқин месозад, ки ҳамарӯза номи Ватанро ба забон биёрем ва соҳибватану соҳибдавлат буданамонро дарк кунем.

Мешавад, ки барои азёд намудан ва сурудани Суруди миллӣ садҳо мисол овард. Одатан, вақте замон ва давлат осуда аст, ҷомеа гурусна нест ва кайфият идона аст, инсон шеър ё суруд мехонад. Ҳамаи ин нишонаҳо имрӯз дар давлати соҳибистиқлолу ягонаи мо вуҷуд дорад.

Ватани азизи мо ба тараққии рӯзафзун рӯ овардаасту гул-гул шукуфтан дорад. Тамоми заминаҳо барои зиндагии осудаву хушбахтона фароҳам аст. Дар мамлакати мо ҷанг нест, сулҳ танинандоз аст. Пас месазад, ки дар ин шароити хубу ором Суруди милӣ дар қалби мо ҷо бошад ва ҳамеша якдилонаву дӯстона сароем. Бигзор кӯдакони мо дар руҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ бузург шаванд. Ҳамеша донанд, ки мо соҳибдавлату соҳибзабон ҳастем.

Омӯзгорони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ