​Суруди миллӣ тарбиятгари насли ҷавон

Аз шабакаҳои телвизионӣ маълум шуд, ки маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки пеш аз оғози дарс – таълиму тадрис ҳамагон якҷоя дар нази муассисаҳояшон Суруди миллиро сароянд ва баъдан ба машғулият оғоз намоянд. Ин иқдом хеле саривақтӣ мебошад. Зеро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масалан дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки Суруди миллӣ дар назди муассисаҳои давлатӣ бо матн ва оҳанг сароида шавад.

Иқдоме, ки маорифчиёни Вилояти мухтори кӯхистони Бадахшон пеша карданд, қобили қабул ва саривақӣ буда, барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар ҷанбаҳои дорои тарбияи миллидошта ҳидоят менамояд.

Бевосита қазоят карда метавонем, ки дар он ибораҳои «зи дурии замонаҳо расидаем» ё ин ки «Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ» таҷассумкунандаи дороии таърихи бойи миллати тоҷик буда, бардоште мешавад, ки дар дарозои таърих миллати тоҷик аз фарҳангу тамаддуни ғании мебошад.

Агар диққат дода шавад, масъалаи сиёсати хориҷии Тоҷикитон низ ҳам дар Суруди миллӣ инъикоси худро ёфтааст. Гуфта мешавад: «Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост» ин эътироф шудани Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон ва дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, Суруди миллии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ, яке аз муқаддасоти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки хондану азёд донистани он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тарбия намудани насли наврас донистан ва азёд намудани он мо низ устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вазифадор буда, ба маъниии дигар азхуд кардани он меъёрҳои худшиносиву худогоҳии миллиро риоя кардан мебошад.

Маҳкамов Саидқул, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии

факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ