Аҳамияти об дар шароити навин барои инсоният

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракати ҳама ба об, вобастагӣ дорад. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои тамомнашавандаи об буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равон маҳз аз кӯҳҳои осмонбӯси кишвар ҳосил мешаванд.

Рӯзи умумиҷаҳонии об аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он дар ташкилоту корхонаҳо, чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онхо сарукор дорад, манбаи асосист. Тоҷикистон, ки кишвари куҳсор аст, пиряхҳо ва барфҳои доимии он сарчашмаи асосии оби нӯшокиро ташкил мекунанд. Ба таври маълум дар бисёре аз кишварҳо масъалаи таъминот бо оби ошомиданӣ мушкилиҳоро доро аст ва мо бояд ба қадри ин сарвати бебаҳои табиӣ бирасем ва барои наслҳои оянда шароити хуб фароҳам оварда, дар беҳдошти муҳити зист саҳми худро гузорем.

Аз суханҳои сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Фақат ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи захираҳои об ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳифзи табиати минтақа, ба нафъи ҳамаи мардумони сокини он мусоидат хоҳад кард».

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор обанборҳои зиёд дорад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин масъалаҳои марбут ба об дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои рушди устувор мақоми махсус доранд.Тағйирёбии иқлим ва гармшавии атмосфераи кураи Замин, ки ҳамаи ин дар натиҷаи истифодаи бесобиқаи захираҳои табиӣ ба амал омадааст, боиси вайрон шудани мувозинати экологии сайёра мегардад. Имрӯз аҳолии сайёра тақрибан 85 % талаботи худро ба энергияи аввалияи истифода-шаванда, аз ҳисоби истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок (газ, нафт, ангиштсанг) қонеъ мегардонад. Ҳамаи ин ба муҳити зист, шароити зиндагии одамон ва саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар даҳсоли охир, дар вилояти Суғд як силсила корҳои басо хубу таърихӣ рӯи кор омаданд, ки ин ҳама бошад, таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд ва як қатор шаҳру деҳоти вилоят бо оби тозаи ошомиданӣ, иваз намудани қубурҳои интиқоли об, парма кардани чоҳҳои амудӣ, таъмиру азнавсозии сарбанду аз нав тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва амсоли он аст.

Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағизиёдаздигаркишварҳо об ворид намоянд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн. нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва ҳамасола зиёда аз 5 млн. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасанд, ки қисмизиёдионбаАфриқоростмеояд. Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлимгармшуда, боисихушкшавиидарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди Африқобабиёбонтабдилёфта, 5 млрд. нафардартамомикураиЗаминазистеъмолиобмаҳрум мешаванд.

Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-умиСММпешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷонибикишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯиЗамин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти ҶТсолҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.

Рӯзи 28-уминоябрисоли 2016 дарпойтахтиМаҷористон - шаҳри Будапешт Саммити об ба кори худ оғознамуд, кидаронзиёдааз 900 нафарнамояндаиволомақомаз 100 кишвариолам, 50 ташкилотибайналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби сурх ва дигарон иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Президенти Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об таъкид намуданд, ки ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Чунин як иқдомбарои ҷалбитаваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайдкард, киДаҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷонибидавлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабулшуд, боридигарэътирофгарисозандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Тоҷикистон кишвари куҳистон аст, ташаккулёбии резиши дарёҳо аз ҳисоби куҳҳои баланди барфпӯш ва пиряхҳо ба амал меояд. Аз ин рӯ ҳар як фарди тоҷик вазифадор аст, ки аз захираҳои бебаҳои табиатро пурсамар истифода намуда, онро ҳифз кунад ва барои беҳтар шудани вазъи экологии он кӯшиш намояд.

Ба мақсади обёрӣ дар тамоми ҷаҳон 150 километри мукааб об истифода мегардад. Ин миқдори об танҳо барои истеъмоли хоҷагӣ ва саноат истифода мешавад. Барои соҳаи коммуналӣ зиёда аз 600 километри мукааб истифода мешаванд. Боқимонда обҳои истифодашуда ва ифлос аз сари нав ба дарёҳо ва обанборҳо мерезанд, ки онҳо ғайри қобили истеъмоланд.

Сифати об - ин дараҷаи истифодаи он барои истеъмол аст. Аввалин озмоиши таркиби обҳои дарёҳо дар Тоҷикистон соли 1934 оғоз гардида буд. Аз соли 1934 то 1964 таркиби об аз рӯи барномаи стандартӣ бо муайян намудани ионҳои биогенӣ ва газҳои дар об ҳалшуда истифода мешуд. Аз соли 1964 омӯзиши таркиби кимёвии обҳои рӯизаминӣ, аз рӯи барномаи мушаххас амалӣ карда мешаванд. Баҳодиҳӣ дар 54 нуқтаҳои бузург ва барои хоҷагии халқӣ ҷумҳурӣ зарур, гузаронида мешавад, ки аз ин миқдор нуқтаҳо 47-то дарё, 5-то кӯл ва 2-то обанбор мебошад.

Оби маъданӣ ин обе, ки дар таркибаш маъдан дорад, обҳои ширин ин оби нӯшокӣ, обҳоитабобатӣ ин оби шифобахш, обҳоишӯр ва боз чанд намуди обҳо вуҷуд доранд, ки барои саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Обро минерали қиматтарин дар рӯи Замин мегӯянд. Имрӯз тамоми халқҳои сайёраамон обро ҳамчун манбаи ҳаёт, ҳамчун сарчашмаи организми зинда эътироф мекунанд. Об дар ташаккули организм нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Ҳаёти инсонро бидуни он наметавон тасаввур кард, зеро нарасидани об фаъолияти мунтазами организмро вайрон намуда, ба заволи он сабаб мегардад.

Об маҳлулкунандаи бемисли намакҳои минералӣ мебошад. Агар об намебуд, решаи растанӣ аз хок ғизои зарурӣ гирифта наметавонист ва тамоман нобуд мешуд ва баробари он тамоми олами ҳайвонот, аз ҷумла одам ҳам барҳам мехӯрд. Об ҳамчун муъҷизаи бебаҳо барои нигоҳ доштани тозагӣ нақши муҳим дошта, рушди тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла соҳаҳои саноат ва кишоварзиро бидуни истифодаи об наметавон тасаввур кард. Масалан, дар соҳаи саноат барои ҳосил намудани 100 литр нафт 1000 литр об, барои истеҳсоли 1 тонна пӯлод 20 тонна об сарф мешавад.

Мо бояд ҳар лаҳзаро ғаниматшумурда, бороҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқатимеханизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷоднамуда, мушкилотиистифодаиобродарсатҳи байналмилалӣ таъмин намоем.

Об, барҳақ, гаронбаҳотарин неъмати табиат аст. Мо шукр мекунем, ки Тоҷикистони офтобии мо дороизахираҳои бузурги об аст. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки пеш аз ҳама ҳар сокини кишвари мо бо ин неъмати табиат таъмин бошад.

Об ин ободкунандаи хар як сарзаминмебошад. Бе об ҳаёт вуҷуд карда наметавонад. Барои нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо мо бояд ҳамдилона кор бурда онро ҳифз намоем.

Хамидова С.Х, Ҳасанова Н., Файзиева Н.- устодони факултети молия ва иқтисодиёти бозор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ