Зарурати таърихии эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Давлатзода Р.муовини ректор оид ба робитҳои байналмилалӣ, номз ади илмҳои филологӣ, дотсент

Дар мамлакати мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Вале ба қалами ин солҳои таърихӣ равшан месозад, ки воқеан дар партави барномаҳои созандаи Пешвои миллат кишвари мо ба ҳадафҳои наҷиби созандагӣ расида истодааст.

Дар воқеъ эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меоварад, ки ин тадбири муҳими давлатдорӣ барои истифодаи босамар ва муассир аз маҷмуи имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистони азизи мо ба мақсади таъмини ҳамаҷонибаи рушди устувори иқтисодӣ ва фароҳам овардани зиндагонии шоиста барои мардуми он равона шудааст. Пешвои миллат бо ба эътибор гирифтани тамоми шароити табиӣ ва дигар имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муносиб ба рушдисайёҳӣ ҷомеаи моро бар он самт ҳидоят намуданд, то ки ба сурати лоҳим ва чунин шароит босамар истифода баранд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, кормандони бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ, ширкатҳои фаъол дар самти сайёҳӣ пешниҳод ва номаи ҳидояте доданд, ки барои дастгирии онҳо, яъне ширкатҳое, ки имконияти рушди сайёҳиро доранд, силсилаи имтиёзҳоро пешниҳод намуданд. Маҳз, ҳамин пуштибонӣ ва дастгириҳои Сарвари давалат буд, ки аллакай дар поёни соли 2017 дар ҷараёни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд”. Ин дастгирӣ ва имтиёзизарурӣ пеш аз ҳама ба он хотир роҳандозӣ гардид, ки ба таъкид ва ифодаи Пешвои муаззами миллат “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунан-даи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Таваҷҷуҳ ба раванди амалкарди барномаҳои давлатӣ дар самти рушди сайёҳӣ нишон дод, ки дар ҳақиқат давоми сол дар қаламрави кишвари мо тадбирҳои фаровони амалӣ дар ин самт андешида шуд. Ҳоло барои рушди сайёҳӣ дар қатори тамоми сарзамини азизи мо, дар қаламрави вилоят низ аз имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода мешавад. Таъсис ёфтани ниҳоди махсуси давлатӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва ниҳоду шуъбаҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд барои ҳарчи босамар амалӣ шудани ҳадафҳои миллӣ ва расидан ба амалкарди барномаҳои бузург нақши муассир гузошт. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, навоҳии Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва амсоли ин, ки ёдгориҳои табииӣ ва таърихии фаровон мавҷуд буда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои фаровоне ҷой дорад, тамоми тадбирҳои зарурӣ мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Соли 2018 бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар аксари ин шаҳру навоҳӣ чандин барномаҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ бо ҷалби меҳмонони хориҷӣ доир гардида, имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ дар ин минтақаҳо ба таври зарурӣ муаррифӣ гардиданд, ки ин иқдомҳои нек идома ёфта истодааст. Ҳатто баргузор шудани як конфронси илмии байналмилалӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ бо ширкати зиёда аз 40 нафар олимон ва донишмандони хориҷӣ дар яке аз минтақаҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент, мавзеи Артуч омил гардид, ки меҳмонон ва иштирокдорони конфронс дар баробари ширкат дар ҳамоиш аз мавзеъҳои зебои табиати ин гушаи диёри Тоҷикистони азизи мо, аз ҷумла, кулҳои Чуқурак, Калон боздид ба амал бароварда, бо таассуроти бузург ба кишварҳои хеш баргарданд.

Дар канори ин, рушди ҳунарҳои мардумӣ низ дар Тоҷикистон дар баробари яке аз воситаҳои таъмини рӯзгори ободу осуда будан, метавонад омили муассир дар ташаккули имкониятҳо барои ҷалби сайёҳон гардад. Эълони шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар канори ин сабаби он низ гардид, ки солҳои минбаъда заминаҳои мусоид барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ фароҳам омада, барои ривоҷи ҳунаҳои халқӣ нақши муассир гузошта шавад. Баргузор гардидани озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар соли 2018 бахшида ба Соли рушди рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид имконият фароҳам овард, ки барои эҳё ва муаррифии маҷмуи ҳунарҳои халқие, ки имрӯз дар саросари вилояти мо ривоҷ доранд, ё ки аз миён рафтаанд,тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Таъсис ёфтани коргоҳҳои атласу адрасбофӣ, анвоъи дигари ҳунарҳои мардумӣ, баргузор гардидани ҳамоиши байналмилалӣ дар ноҳияи Ашт барои боз ҳам равнақ ёфтани ҳунарҳои миллӣ ва ҳамчун василаи таъмини зиндагонии шоиста қарор гирифтани ҳунар нақши муассир гузоштанд.

Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 таъкид сохта буданд, ки Тоҷикистон имконият дорад, ки дар фурсатҳои наздик ба кишвари транзитӣ табдил ёбад. Воқеан, метавон изҳор дошт, ки ин иқдоми Пешвои миллат тадбири саривақтӣ мебошад ва расидан ба ин ҳадафи наҷиб метавонад дар баробари тақвияти ҳарчӣ бештари кишвари мо бо ҷаҳони имруз, муҳимтарин имкониятҳо ва шароити таърихии мамлакатро, ки бар асоси маълумоти сарчашмаҳо дар гузашта низ аз чунин имкониятҳо бархурдор будаааст, барқарор намояд. Дар бораи пайванд доштани қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон бо шоҳроҳи таърихии Абрешим дар аксари манобеи таърихӣ изҳори назар шудааст. Аз ин рӯ, барои барқарор шудани ин асолати таърихӣ барномаҳои амалкарди солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконияти бештар медиҳад. Дар соли 2020 ба нақша гирифтан шудани ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ, куҳантарин шаҳре дар ҷодаи Абрешим барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб шароит фароҳам меоварад.

Дар умум, дар қаламрави солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Тоҷикистони азизи мо ба асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муваффақ бар он гардида истодааст, ки имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам бештар фароҳам оянд, то ки шароитҳои табиати Тоҷикистони азизи мо, инчунин дастовардҳои таърихӣ, падидаҳои фарҳанги миллӣ, мероси маънавӣ ва таърихии халқи тоҷик ба мардуми олам боз ҳам беҳтар муаррифӣ гарданд. Ин тадбири наҷиб ҳам барои тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони азизи мо ва ҳам ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд, ки бегумон ин худ яке аз барномаҳои асосӣ ва ҳадафманди эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Мо боварии комил дорем, ки солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин барномаҳои ҳадафманд ва бузург буда, даҳсолаҳои дигар идома хоҳанд намуд, то ҳар чӣ бештару пештар кишвари азизи мо бо маҷмуи имкониятҳои хеш барои ҷаҳониён чун сарзамини бузурги дорои таърихи куҳан, табиати зебо ва кишвари обҳои мусаффо муаррифӣ гардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ