Таҳлили муқоисавии поэтикаи қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-и Алишери Навоӣ ва «Саводи аъзам»-и Мирзо Бедил

Нуралӣ Нурзод

Пайвандҳои дӯстӣ ва устодиву шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ омили зуҳури чандин падидаҳои адабӣ гардиданд, ки мабоҳиси муфассали онҳо марбут дар таҳқиқоти донишмандони маъруфе чун Е. Э. Бертелс, Садриддин Айнӣ ва дигарон ҷараён гирифтааст. Бегумон ҳамин дӯстӣ, иродати устодиву шогирдӣ ва дигар самараҳои матлуби адабӣ омили бар нигоришии ҳам қасидаи “Луҷҷат-ул-асрор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам “Туҳфат-ул-афкор”-и Алишери Навоӣ гардидааст. Ба таъбири дигар, агарчи Навоӣ дар асл қасидаи хешро дар ҷавоби сурудаи Ҷомӣ ва бо бардоштҳое аз “Дарёи аброр”-и Амир Хусрав сурудааст, вале, аз тарафи дигар ангезаи таълифи қасидаи Ҷомӣ низ ба Амир Алишери Навоӣ марбут аст. Ин матлаб дар китоби “Хамсат-ул-мутаҳайиирин”-и Алишери Навоӣ ба тарзи зайл омадааст:

“Ҳарчанд дар асл Мирзо Бедил ин роҳро бар асоси қасидаи “Дарёи аброр”-и Амир Хусрав бо ҳамин вазну ҳамин қофияву радиф идома додааст, аммо бегумон ӯ аз сурудаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ низ бебаҳра набуда”.

Дар навбати аввал бояд афзуд, ки матни пурраи қасидаи “Туҳфат-ул-афкор”-и Амир Алишери Навоӣ нахустин бор тавассути “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ манзур шудааст, ҳарчанд худи муаллиф дар “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” аз таҳияи матни комили он хабар додааст. Мураттиби Девони форсии Алишери Навоӣ Рукниддини Ҳумоюнфаррух, ки соли 1342 ҳ. ш. / 1963 онро ба чоп расонидааст, матни қасидаи мазкурро дар муқаддимаи он оварда ва дар ҳошия ишорат намуда, ки ин “қасидаи “Туҳфат-ул-афклор” аз “Тазкират-уш-шуаро”-и чопи Ховар (манзур ҳамин “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ) ва муқобалаи нусхаи хаттии муваррахи 978, китобхонаи нигоранда (яъне боз ҳам тазкираи мавриди назар) истинсох гардид” (3, Панҷоҳу ду). Нуктаи қобили таъкид ин аст, ки Е. Э. Бертелс соли 1947 дар мақолаи “Абдураҳмони Ҷомӣ ва дӯстии ӯ бо Навоӣ”, аз дастрас набудани матни комили ин қасида сухан мекунад ва пас аз зикри нақли Навоӣ аз “Хамсат-ул-мутаҳайиирин” роҷеъ ба сабаби навиштани он дар ҳошия танҳо матлаъи онро меовараду халос. Вале ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки қисмате аз ин қасида бори аввал дар Тоҷикистон соли 1938 дар нашрияи “Тоҷикистони Советӣ” ва баъдан “Газетаи муаллимон” чоп шудааст.

Нахустин баҳсе, ки дар муқоисаи татбиқии қасоиди мазкур ба миён меояд, баррасии сарчашмашиносӣ ва теъдоди абёти ин ҳарду маҳсуб меёбад. Дар навбати аввал бегумон ҳар ду қасида ҳам сарчашмаи аслиашонро аз сурудаи “Дарёи аброр”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ мегиранд. Ҳарчанд Навоӣ дар чаҳорум байти қасида хеш мисраи нахустини қасидаи Амир Хусравро тазмин мекунад:

Лозими шоҳӣ набошад холӣ аз дарди саре,

“Кӯси шаҳ холиву бонги ғулгулаш дарди сар аст”, –

вале Бедил ишороти бар ин нукта дар қасидаи хеш надорад.

Нуктаи дигари қобили қиёс теъдоди абёти қасидаҳо мебошад. Матни қасида дар “Девон”-и Фонӣ, ки дар бораи он қаблан ишорат шуд, аз 72 байт таркиб ёфтааст. Аммо дар матни илмии тасҳеҳнамудаи Эдуард Браун аз “Тазкират уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ин қасида аз 73 байт иборат буда, байти зерин дар нусха ва нашрҳои дигар, ки Рукниддин Ҳумоюнфаррух истифода намуда, ба чашм намерасад:

Душман аст аз доғи озор, он ки ҳаст ӯ луқмахор,

Ханҷар аст аз нуқтае онро, ки гӯӣ ҳанҷар аст.

Қасидаи “Саводи аъзам”-и Мирзо Бедил дар аксари нусхаҳои девони ӯ аз 157 байт таркиб ёфтааст. Ба назар мерасад, ки дар сурудаи Абулмаъонӣ тафсилоте бештар таҷассум дорад ва он аз диди сохторӣ ҳам аз се матлаъ таркиб ёфтааст, яъне се қасида дар таркиби як қасида ҷой гирифтааст. Ҳарчанд Бедил асосан дар истиқбол аз “Дарёи аброр”-и Амир Хусрав қасидаашро сурудааст, аммо муҳаққиқи афғонистонӣ Абдулғафури Орзу муътақид аст, ки таъсири Ҷомӣ бар Бедил авлавият дорад. Агар ин андешаи Орзуро ба инобат гирем, метавонем ба ин натиҷа бирасем, ки дигар умумияти қасидаҳои Навоӣ ва Бедил бардоштҳои ҳарду аз қасидаи Ҷомӣ маҳсуб меёбад. Агарчи Навоӣ мушаххасан ба номи устодаш дар қасидаи худ ишора мекунад ва менависад:

Ҳомии дини набӣ, Ҷомӣ, ки ҷоми фақрро,

Дошта бар каф лаболаб аз шароби Кавсар аст, –

вале дар ин маврид низ Бедил ишорате дақиқ надорад.

Умумияти дигари қасоид, ки миёни онҳо пайванди сохторӣ эҷод мекунад, зикри номи худи шоирон на дар байти ниҳоии қасида, балки дар мавриди хоси худи шуаро маҳсуб меёбад. Ин шеваи зикри тахаллус бештар бар он моност, ки гӯё шоирон дар баробари шарҳи мавзӯоти аслии қасоид ба тавзеҳи ҳоли худ дар васати сурудаашон пардохтаанд:

Ранги зарди ошиқӣ Фонӣ бувад аз тири ишқ,

Ҳамчу сифре, к-аш алиф маснад ба паҳлӯ афсар аст.

Бедил ҳам бо ҳамин шева дар миёни қасида ба истилоҳ байти тахаллусро бо ҳамон шевае истифода карда, ки гӯё дар қиболи шарҳу тафсири мавзуоти аслии қасида вазъу ҳоли хешро низ тафсир мекунад:

Бедил аз маънитирозӣ бар камоли худ малоф,

Гарди соҳил бош ин мавҷ аз муҳити дигар аст.

Дигар аз суннати вежае, ки аз сурудаи Амир Хусрав оғоз ёфта, аз ҷониби Навоӣ ва Бедил давом намуда, зикри номи қасида ва таърихи таълифи он мебошад. Навоӣ дар абёти ниҳоии қасидаи худ нахуст ба зикри номи он пардохта, баъдан замон ва соли таълифро таъкид медорад:

“Туҳфат-ул-афкор” агар созам лақаб ӯро, сазост,

Туҳфа чун наздат зи баҳри фикратам ин гавҳар аст.

Гашт явми ошири шаҳри раҷаб таърихи ин,

Турфатар к-ин рӯзу моҳ итмоми онро мазҳар аст.

Бедил ҳам ин равишро идома дода, нахуст бо ҳамин шеваи марсум дар қасидаи Навоӣ салоҳ донистани унвони мазкурро ба қасидаи хеш таъкид дошта менависад:

В-ар “Саводи аъзам”-аш номи ба инсоф ошност,

К-аз ҷиҳоти тарфи лутфаш ақли кулл дар шашдар аст.

Нест аз фитрат ниҳон кайфияти таърихи ӯ,

Соли таҳрираш ҳамон дар ҳарфи номаш музмар аст.

Аз ишорати Бедил равшан мегардад, ки моддаи таърихи соли таълифи қасида номи он, яъне “Саводи аъзам” маҳсуб мешавад.

Вақте сухан дар мавриди сабки таълифи қасоид меравад, маълум аст, ки Амир Хусрав, Ҷомӣ ва Навоӣ аслан намояндаи сабки ироқӣ ба шумор мераванд ё дар васати ин сабк ва сабки ҳиндӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, дар таълифи ин қасида ӯ бештар мушаххасот ин сабки адабӣ ҷилвагар шудааст. Вале гоҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар ҳақиқат ба таъбири устод Сайид Нафисӣ бархе аз хусусиёти сабки ҳиндӣ дар сурудаҳои шоирони сабки ироқӣ таҷассум пайдо намудаанд. Тааммул дар қасидаи Навоӣ метавонад ин назарро дар мо ба вуҷуд оварад, ки берун аз сурудае дар сабки ироқӣ ё миёни ду сабк будан дар қасидаи Навоӣ хусусиёти сабки ҳиндиро метавон ошкор намуд ва ҳамин тазоҳури аносири сабки ҳиндӣ равобитеро миёни таълифоти ӯ ва Мирзо Бедил ба миён меоварад. Дар чандин мавриди дигар истифодаи тамсил дар ин қасидаи Навоӣ ба мушоҳида мерасад, ки он аслан вежагии сабки ҳиндӣ маҳсуб ёфта, нуфузи он дар қасидаи Бедил ба чашм мерасад. Аз ин нигоҳ умумиятҳое миёни ҳар ду қасида ҷилвагаранд.

Дигар аз иртиботи қасоид дар он равшан мешавад, ки дар баробари дар як вазну радиф нигошта шудани онҳо такрори вожагони муқаффо низ дар ҳарду ба чашм мерасад. Аммо агарчи Навоӣ як вожаро танҳо як маротиба дар мақоми қофия такрор мекунад, вале Бедил бо он таҷаддуди маъноие, ки дар қофиясозӣ дорад, бо муқаррар овардани ҳамон як вожа ба он маъонии нав ато мекунад. Масалан, дар ҳарду қасида вожаи “хокистар” барои қофия истифода шудааст, аммо муқоисаи татбиқии маъноӣ тағйироти матолиби шуаро ва эҳтимоми Бедилро дар таҳаввули маънавии ин калима ба таври барҷаста ошкор менамояд. Дар қасидаи худ Бедил дар маҷмӯъ 8 маротиба вожаи хокистарро қофия кардааст, вале эҳсос мешавад, ки ҳаргиз маънои ин калима мукаррар нест ва ҳар маврид матлаби тозаеро дар заминаи шинохти хосияти он кашф мекунад.

Омили дигари пайванди ин ду қасида дар иттифоқи мавзӯии онҳост. Ҳар ду қасида ҳам бештар масоили ахлоқ ва ҳикмати зиндагиро тафсир мекунанд ва аз рӯи ҳар байте аз онҳо метавон мавзӯоти куллии қасоидро дастабандӣ намуд, ки албатта таҳқиқи муфассали масоили мазкур дар шакли муфассали мақолаи мазкур ҷараён хоҳанд гирифт. Он чи дар ин нигошта бо иқтизои ҳаҷми имконот баён гардид, аслан дар сурати тарҳи куллии масоиле изҳор ёфт, ки дар оянда барои таҳқиқи амиқе дар заминаи ин қасидаи ҳанӯзҳам ба сурати мукаммал омӯхтанашуда роҳ хоҳад кушод.

Дар маҷмӯъ, аз баррасии муқоисавии қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-и Алишери Навоӣ ва «Саводи аъзам»-и Мирзо Бедил метавон муқаррар намуд, ки ҳарчанд нахуст дар ин роҳ Амир Хусрав иқдом намудааст, аммо суннатҳои тадовумёфтаи ӯ аз ҷониби Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бо беҳтарин ваҷҳ аз сӯи Бедил истиқбол ва дар баробари ин, такмилу таҷдиди назар гардидаанд, ки имкон дорад, дар заминаи таҳлили қиёсии ҳар се қасида як таҳқиқи мукаммале ҷараён бигирад. Аз нигоҳи дигар, ҳарчанд дар мавриди осори дигари Навоӣ пажӯҳишҳое зиёд ба қалам омадаанд, аммо ҳанӯз ҷойгоҳи ин қасида дар идомаи суннатҳои қасидасароии адабиёти классикии форсӣ ба таври шоиста таҳқиқ нашудааст ва умедворем, ки дар оянда ин матолиби густарда бештару пештар мавриди омӯзиш қарор бигирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ